Меҳри Ватан сипар аз хиёнат аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 289
Дар ҳама давру замон тарбияи шахсият масъулияти сангинест ва дар он саҳлангорие рух диҳад, пайомадҳои нохуш меорад. Дӯст доштани Ватан, ифтихор аз миллату қаҳрамонони он, ба ваҷд омадан аз шунидани суруди миллӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, дӯстиву рафоқат маҳз аз овони кӯдакӣ дар зеҳни инсон ҷо мегирад. Бо лаҳни кӯдакона сурудани «Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод…» ё «Ватани ман, ҷони ман…» тадриҷан ба ташаккули фарди ватандӯст замина мешавад. Минбаъд дар мактаб, донишгоҳу корхона натанҳо ҳисси ватандорӣ тарвиҷ меёбад, балки шахс дар амал ватандор будани худро нишон медиҳад, ба дигарон онро тарғиб менамояд.
Ба гурӯҳи ифротгароён шомил шудани бархе аз ҷавонони тоҷик барои мо ҳам нанг асту ҳам бадбахтӣ. Афсӯс, ки ин ҷавонон ҳодисаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистонро намедонанд ё сабақи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дарк накардаанд. Маҳз ҳамин қувваҳои ифротгаро бо истифода аз рӯҳониёни мутаассиб, аъзои ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом, ки барои амалҳои хиёнаткоронааш дар Тоҷикистон манъ карда шуд, ба ватани мо ҷанги хонумонсӯзро таҳмил доданд. Ҷароҳатҳои ин ҷанг ҳоло шифо наёфтаанд. Хисороти маънавию моддии ин ҷанги шаҳрвандӣ ба халқу мамлакат гарон афтод.
Инак, 26 сол аст, ки фазои сулҳу салоҳ ва бунёдкориву созандагӣ Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Озод ва хушбахт будан танҳо дар Ватани хеш эҳсоси қаноатмандии комил дорад. Ношукрӣ аст, ки ба чунин ватани ободу осоишта хиёнат кунанд, дар ғарибиҳо ва кишварҳои бегона беҳуда, беному нишон бимиранд ва ҳатто баъд аз ҷавонмаргӣ ҳам боиси нафрати дигарон бошанд.
Дар арафаи ҷашни Истиқлол нохалафона сарҳади кишварамонро убур кардани террористони зархарид боиси хиҷолату нафрин шуд. Афсӯс, ки онҳо бо нияти нопокашон ба Ватани худ қадам гузоштанд. Ҳадафи тири муҳофизони сарҳад шуда, бешарафона ҳалок шуданд. Гарчанде инсонҳое, ки ба миллату зодгоҳи худ хиёнатро раво дидаанд, ба дигар рафтор қодир нестанд.
Ҳаёт, тақдири зистан ба инсон як маротиба муяссар мешавад. Онро чунон бояд гузаронид, ки кору номи некат ёдгор монад. Неруи ҷавониро барои накуӣ сарф бояд кард. Таҳсил кардан, касб омӯхтан, дар хидмати падару модар будан, ташкили оила ва тарбияи фарзандон, меҳнати ҳалол, барои ҳар як ҷавон бояд дастури зиндагӣ бошад. Ҳамаи ин ба сулҳу осоиштагии Ватан, кафолати зиндагии шоиста вобаста мебошад. Мо чунин Ватани зебову ободу озод дорем. Тоҷикистон ифтихори ҳар як ватандор аст. Инро бояд насли Истиқлол хуб донанд ва содиқона ҳифзаш кунанд.
Мо дар айёми бархӯрди манфиатҳо, таъсири фарҳангу арзишҳои миллатҳои гуногун зиндагӣ дорем. Аммо мафҳумҳои «террорист» ва «экстремист”, ки ба хурду калон фаҳмост, чун падидаи хатарзову даҳшатбор ҳамаро ба ташвиш овардааст. Мардум дар бораи ҷавонони гумроҳи ба гурӯҳҳои ифротгаро шомилшуда, вазъи Ховари Миёна, гурезаҳои кишварҳои ҷангзада, нооромии вазъияти Афғонистони ҳамсоя, амалҳои террористӣ дар ин ё он гӯшаи дунё дар кӯча, дар ҷойи кор суҳбат мекунанд. Ин табиист, зеро ин офат шахси солимфикрро наметавонад бетараф гузорад. Муҳокимаҳо гуногунанд. Яке камбизоативу бекорӣ, орзуи дарёфти маблағи муфт, дигаре бемаърифатию надонистани асли ислом, сеюмӣ тарбияи шахсиятро сабаб меорад. Ба онҳое ҳамақида ҳастем, ки шахси бемаълумот осебпазир асту гароиши ӯ ба равияҳои ғаразноки ба эҳсосу эътиқод муассир зудтар сурат мегирад. Одами ноогоҳро тарғибу ташвиқ кардан осонтар аст. Ҷавонони гумроҳ на андешаи падару модар доранду на Ватану зодгоҳ. Террористон мисли сеҳршудагон ба куштору тазйиқ, ғорату хушунат даст мезананд. Онҳо бозичаи дасти он мутаассибони мазҳабӣ, абарқудратҳое мебошанд, ки ин ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои қудратталабии хеш истифода мебаранд.
Ҳар боре, ки аз наворҳои телевизион паси симтӯрҳои сарҳади давлатҳои аврупоӣ ҳазорҳо кӯдакону занон, пирону ҷавонони аз ватани худ гурехтаву паноҳҷӯяндаи хору зор, таркишу хунрезӣ ва марги одамони бегуноҳ, ғарқ шудани фирориён дар баҳрҳо, нолаи имдодталабонаи занону мардони сарсонро мебинему мешунавем, мутаассир мешавем. Беқадрии инсон аламовар аст. Мо инсонем ва ҳолату дарди онҳоро эҳсос мекунем, афсӯс мехӯрем. Беватан будан ҳолати бисёр вазнину ҷонгудоз аст.
Маълум аст, ки идеали таъсиси давлати ба ном исломӣ, ба эътиқоди ҷавонон нохун задани саркардагони террористӣ на барои имону диёнат, балки сарвату замин, қудрату мақом мебошад. Беҳуда Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон террористонро беватану бемиллат ва бедин нагуфтаанд.
Коршиносон таҳлил кардаанд, ки дар тарбияи шахсияти он ҷавононе, ки ба терроризм гаравидаанд, нуқсонҳо ба назар мерасанд. Ба Ватан, миллати худ он фарде хиёнат карда метавонад, ки эҳсоси меҳанпарастӣ ва башардӯстияш ноустувор аст. Гаравидани ҷавонон ба ин равияҳои террористиву экстремистӣ бештар ба назар мерасад, зеро дар ин синну сол таҷрибаи зиндагӣ надоранд, эҳсос нисбати ақл бартарӣ дорад.
Ҳисси ватандӯстӣ, инсонпарварӣ маҳз аз хурдсолӣ талқин мешавад. Нақши волидайн, мураббиёни кӯдакистонҳо, омӯзгорони мактабу донишгоҳҳо ва ҷомеа дар ин кор муассир буда, рушди фарди комил дар давраи ҷавонӣ ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад. Шоире фармуда:
Тарбият чист? - Хокро зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Имсол 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Тоҷикистон боз ҳам ободу зеботар шуда истодааст, ваҳдати миллати тоҷик мустаҳкамтар мегардад. Ҷавонони тоҷик бояд ба қадри ин дастоварди миллӣ- Истиқлол, Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ бирасанд ва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд, зеро ватандорӣ ин масъулият, ифтихор ва як гӯшаи имон аст. Ба боварии насли калонсол расидани наврасону ҷавонони тоҷик, идомаи анъанаи ватандӯстӣ беҳтарин амал хоҳад буд. Тоҷикон ҳамеша бо ватандорони асил ва садоқат ба ӯ ибрати таърих буданду ҳастанд. Дар дили ҳар як тоҷик будани муҳаббат ба Ватан кафили сарҷамъиву талош барои муҳофизати ҳар пораи хоки Ватан мебошад.
Дилором Маҳкамзода,
«хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...