Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Бохтар шуъбаи нави «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид


Дар Бохтар шуъбаи нави «Амонатбонк» ифтитоҳ гардид



Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони филиали №42 Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Бохтар соҳиби бинои хуштарҳи замонавӣ гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳи ин бино раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар бинои тозатаҷдиди филиали №42-и «Амонатбонк» барои 60 нафар кормандон, ки аксарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст. Бинои филиали «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз 3 ошёна, қариб 40 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгузаронӣ, ошхона, анбор ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту воситаҳои замонавии технологияи иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Филиали №42 «Амонатбонк» ба 14 шаҳру ноҳияи гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Бохтар корҳои идоравӣ ва хизматрасонии молиявӣ пешниҳод менамояд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода