Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватании шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар Душанбе


Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватании шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар Душанбе




Имрӯз бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзон ва аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Хатлон номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимаю муосири ҳунарҳои мардумии вилоятро пешниҳоди меҳмонон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.










Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода