Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ташаккур ба Пешвои миллат, барои қадрдонӣ!


Ташаккур ба Пешвои миллат, барои қадрдонӣ!




Мо-табибон аз рӯзҳои нахусти соҳибтстиқлолӣ таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунем.

Чун солимии ҷомеа омили рушди давлат арзёбӣ мешавад, Пешвои муаззами миллат ибтидои солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон талош варзиданд, ки инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар мамлакат мутобиқ ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ бошанд.

Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2862 иншооти тиббӣ мавҷуд бошад, пас бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхории пайваста ба беҳдошти сиҳатии омма акнун дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла бахши тибби хусусӣ бунёд гардидаанд, ки ин дақиқан ҷиҳати нигоҳдошти вазъи хуби саломатии сокинон ва дар маҷмӯъ сиҳатмандии кулли ҷомеа хидматрасонӣ доранд. Имрӯз аз баракати Истиқлоли меҳан дар дурдасттарин деҳоти вилояти Хатлон шароити хуби хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ муҳайё карда, садҳо дастгоҳу васоили зарурии тиббӣ ворид карда шудааст. Акнун ҳеҷ ниёзе барои муолиҷа ба хориҷи мамлакат вуҷуд надорад.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар Паёму баромадҳояшон музди маоши кормандони тандурустиро боло мебаранд, ки аз ин талошҳои ғамхорона мо-табибон ҳамеша қаноатманду сипосгузорем.

Мо-аҳли пизишкони Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар ва ҳама ниҳоди зертобеи соҳа солҳои хурӯҷи СОvi D-19 бори дигар дарк намудем, ки воқеан танҳо нестем. Ҳар як сухани Ҷаноби Олӣ ба мо- ворисони Сино рӯҳу илҳоми тоза ато мекард, ки батакрор мегуфт: «Ба воҳима дода нашавем ва аз ин беморӣ натарсем».

Садҳо номгӯи доруву дармонҳои зарурӣ алайҳи ин бемории сироятиро ирсол карданд, ки дарёфти он маводи доруворӣ хеле сахту сангин буд, зеро тамоми сайёра ба ин гуна дору ва лавозимоти зиддивирусӣ эҳтиёҷ доштанд...

Дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ кормандони соҳаи тибро бевосита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медалу мукофоти давлатӣ қадршиносӣ карданд, ки ин ҳам нишонаи эътиқоду эътимоди Сарвари давлат ба табибон аст.

Банда низ дар ин санаи мубораку таърихӣ ва барои миллат ниҳоят арзишманд аз эҳтироми Пешвои муаззами миллат бархурдор гардидам. Сазовор шудан ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» маро водор мекунад, ки ҳамчун як табиб ва як роҳбар дар ҳифзи солимии ҷомеа масъулияти бештаре дошта бошам, то ба ин ҳама эътимоди Сарвари давлат шоиставу муносиб бошам.

Ҷашни бузурги таърихиро ба кулли сокинон ва ҳамватанони гиромӣ самимона таҳният мегӯям ва орзумандем, ки ҳамеша тандурусту сиҳатманд бошанд.

Фарҳод Исозода,
роҳбари Муассисаи КАТС-и
шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода