Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлати ҳуқуқбунёд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 449
29 сол қабл аз ин, 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тақозои пешрафти замон, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ, таъмини рушди босуботи ҷомеа, мусоидат намудан ба тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Таҳия ва қабули Конститутсияи нав, ки аслан баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Қобили зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори аслии қабули ин санади олии давлатӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Баъд аз эълони истиқлолияти давлатӣ қабули Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ дониста мешуд, зеро қабул кардани Конститутсияи нав муайян намудани роҳи давлат ва ҷомеа ба сӯйи рушду такомули минбаъда маънидод карда мешуд. Бо Қарори иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ҳайати Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Сардори давлат дар ҳамон иҷлосия 26 июни соли 1993 зарурати ин корро чунин шарҳ дода буданд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии ташкилотҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».
Роҳбари давлат борҳо таъкид до-шта буданд, ки қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, изҳор кардаанд: «Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, ифодагари раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд».
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия, аз нигоҳи Пешвои миллат, нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва майлу иродаи халқи Тоҷикистонро, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад. Бинобар ин, Конститутсияро метавон шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, зеро он Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Қобили зикри хос аст, ки ҳарчанд Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон он аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд.
Бунёди давлати ҳуқуқбунёд, тавре ки Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», - гуфтааст Пешвои миллат.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Дар ҳақиқат, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расидааст.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем. Зеро, он гуна ки Роҳбари мамлакат таъкид доштаанд, равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, ки танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...