Тақдими мукофоти давлатӣ ба фаъолони вилоят
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 264
6 сентябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида буданд, супорида шуд.
Дар ин маросим раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ширкат варзида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва барои сарфароз гардидан ба мукофотҳои давлатӣ муборакбод гуфтанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. “Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза чӣ қадар мушкилоти сахтро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик сию ду соли охир тай намуд, масири пур аз монеаву мушкилот буд. Бинобар ин, Истиқлолият ба маънои томаш неруи бузург, рамзи ободию озодӣ ва ҳамдиливу садоқатмандӣ мебошад”, - идома дод Давлаталӣ Саид.
Муовини Сарвазири мамлакат У. Усмонзода зимни табрики аҳли толор гуфт, ки имрӯз мардуми худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат беш аз пеш муттаҳидтар шуда, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми шоиста мегузоранд. Ҳамагон фахр мекунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.
Дар идома маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор фаъолони вилоят сурат гирифт.
Дар фарҷом раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз номи фаъолони вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдорӣ баён намуд.
Зикр шуд, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо рӯҳияи баланди идона баҳри он ҷидду ҷаҳд доранд, ки дастовардҳои меҳнатиашонро боз ҳам афзун намоянд, корҳои созандагию бунёдкориро боз ҳам ривоҷ бахшида, ҷашни Истиқлоли давлатиро бо комёбиҳои арзанда истиқбол мегиранд.
АЗ ИДОРА: Барои аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” басо фараҳбахш аст, ки мудири шуъбаи ҳокимияти давлатии рӯзнома Суҳроб Азиззода бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” ва хабарнигори минтақавии рӯзнома Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамкорони арҷманди худ ва ҳамаи соҳибҷоизаҳоро ба ин муносибат самимона шодбошу таҳният мегӯем.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...