Раҳкушои бахту армон аст Истиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 445
Имрӯз мардуми шарафманди мо ҷашни 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистонро дар фазои орому осоиш та ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ таҷлил менамояд. Мо хушбахтем, ки соҳиби сарвати бузурге ҳастем, ки он Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тоҷикистони азизи мо сарзамини шоирон асту Пешвои муаззами миллат шоирнавоз. Ишқи ватан дар замири ҳар як тоҷик ҷӯш мезанад. Ҳар як эҷодкору навовар ва ихтироъкор хубу равшан дарк менамояд, ки барои фарди боору номус, аз ҷумла аҳли илму адаб, акнун вақту майдони амалу сухан, ба хотири ободиву озодии ватан омадааст.
Шоирони тавонои Хатлонзамин бо шеъри баланди худ, тасвирҳои пуробуранг маънии ноб ва сухани тозаашон хонандаи худро ба роҳи истиқлолхоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ҳидоят мекунанд.
Дар ашъори шоирони муосир ватандорию меҳнатдӯстӣ, садоқат, меҳрубонӣ, иззату икроми ҳамдигар ба назар мерасад. Тавре ки шоири хушкалом Ҳақназар Ғоиб гуфтааст:
Дар Парчами мо тоҷе тоҷикию тобон аст,
Он тоҷи Ватан бошад, дар таҳти дилу ҷон аст.
Бӯсед варо аз меҳр, молед варо бар чашм,
Он рамзи ватандорист, мероси бузургон аст.
Хуршедсифат дар Шарқ ҷовид ливои мост,
Он меҳри Худои мост, он рамзи бақои мост.
Дар шеърҳои Ҳақназар Ғоиб мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, улҳу ягонагӣ, ваҳдати миллӣ мақоми хосаеро ишғол менамоянд. Воқеан, ҳам, шеъру таронаҳои шоири ширинсухан, моломол аз меҳри миллату ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, дар шеъри «Нишони давлатӣ» шоир овардааст:
…Шараф ба ҳафт ахтару ба тоҷи равшанаш,
Ба хушаҳои гандумаш ба шамси доманаш.
Шараф ба мисраҳои ноби «Шоҳнома»-аш,
Ба чеҳраи хирад-ба нури кӯҳу барзанаш.
Устод Ҳақназар Ғоиб дар бисёр шеърҳояш ифтихор аз бузургони гузашта ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ба қалам додаст:
Фарзанди вафогузори Хатлонем,
Ҷону дили гарми Тоҷикистонем.
Мардони бузургро ту медонӣ,
Мо оташи рӯҳи он бузургонем.
Халқи тоҷик дар гузашта ва имрӯз ҳамчун халқи худшиносу худогоҳ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар фикри фардои дурахшони ин Ватану сарзамин бошем, то ояндагон ифтихор аз мову имрӯзи ватан дошта бошанд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб устоди моҳири тараннуми ватандӯстист. Назми шоир тадриҷан аз оҳанги назми куҳна озод шуда, бо мундариҷаи бою баланди худ, бо тасвири амиқи ҳаёт, вусъати доираи муҳокима, бикрбаёнӣ, санъати бойи бадеӣ ва зебову услуби ба худ хос мақому симои шоири номбурдаро дар адабиёти муосири тоҷик муайян менамояд. Ғояи ватандӯстӣ, эҳтироми беандоза ба меҳан, ба модар дар эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб мақоми хоса дорад. Аз китоби ӯ «Ифтихор» маълум мегардад, ки шоир ба ватан, халқи азизи худ, муҳаббати беандоза дорад. Дар шеъри «Васфи диёр» ин ҳиссиёти шоир баръало мушоҳида мегардад:
Гӯшаи танги Ватан бошад зи паҳноҳо кушод,
Хонаи пасташ баланд аст, аз ҳама қасри мурод.
Маскани осудагию зиндагӣ бошӣ, Ватан,
Нест аз он дилфаротар ҷо бароям умрбод.
Дар шеъри «Парчам» ифтихори Муҳаммад Ғоиб аз ин миллату ин давлат баръало эҳсос шуда, аз меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ишқу ғамгусорӣ ҳикоят менамояд. Миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, борҳо аз давлати хеш бенасиб гаштаву боз бо азму иродаи қавии хеш тавонист онро эҳё намояд.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва он мардумро ба ҳаёти осоиштаву сулҳу субот, инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд:
Дар кафи пешсаф парчам аст,
Аз матои ҳадаф парчам аст.
Эътибори шараф парчам аст,
Халқи моро ба каф парчам аст.
Як нишони ватан парчам аст,
Шаъну шони ватан парчам аст.
Қудрати лашкар аз парчам аст,
Шавкати кишвар аз парчам аст.
Дар маҷмӯъ, ифтихор аз ватану муҳаббат ба хоку оби ин диёр ва тасвири манзараҳои дилкаши ин сарзамини биҳиштосо мавзӯи асосии ашъори шоирони тоҷикро ташкил медиҳад. Шоир Озар Салим манзараи як деҳи Тоҷикистонро бо оҳанги дилпазир тасвир кардааст, ки муассиру мондагор мебошад:
Рустои ман
Он қадр диданист,
Ки хуршед,
Ҳатто барои як бор,
Хатти сафарашро
Дигар намекунад.
Ин қабил шеърҳо на танҳо садои дили шоирон, балки садои дил ва бозгӯйи меҳру муҳаббати халқи Тоҷикистон ба ин сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Фароҳамсоз
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00