Вохӯрии раиси вилоят бо намояндагии тиҷоратии Россия
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 435
Имрӯз, 17 август, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич ва Сергеев Антон Александровичро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба изҳори назар карданд.
Зимни мулоқот, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташриф ба маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, иброз намуданд, ки рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистону Россия мавқеи муҳим дорад.
Тоҷикистону Руссия ҳамчун шарикони стратегӣ гардиши молро мунтазам афзоиш дода, дар беҳтар намудани робитаҳои мустақими минтақаҳои ду ҷониб нақши босазо гузошта истодаанд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот изҳор намуд, ки ба вилоят аз 26 кишвари хориҷӣ бо маблағи 838.4 миллион доллар сармоя ҷалб карда шудааст, ки бештари он ба Федератсияи Россия рост меояд. Барои таъмини рушди устувор ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ҷалби бештари сармояи мустақим аз Федератсияи Россия зарур аст.
Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич зимни мулоқот ба рушди бемайлони ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ишора карда, баҳри дастгирии субъектҳои хоҷагидорӣ андешаронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо ҳайати гурӯҳи худ омоданд, то ин баҳри рушди муносибтҳои тиҷоратӣ соҳибкоронро аз Федератсияи Россия ҷалб намоянд. Коренков Евгений Анатолевич, ҳамчунин қайд намуд, ки маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан вилояти Хатлон диққати соҳибкорони моро ҷалб кардааст ва мо мехоҳем барои содирот кардани он, хусусан мевагиҳо ба Федератсияи Россия бештар ҳамкорӣ намоем.амчунин, баҳри бунёди боғҳои мевадиҳанда ва дастагирии лоиҳаҳо дар ин самт, мо ҳамеша омодаем.
Раиси вилоят гуфт мо ҳадаф дорем, ки бо роҳбарияти минтақаҳое, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ дорем, вохӯрӣ ташкил намуда, бо ҳамватанон ва соҳибкорони муваффақ низ дар Федератсияи Россия мулоқоти судманд анҷом диҳем. Ҳамзамон, изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаи вохӯрии имрӯза ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...