ХАТЛОН. ТО 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУНЁДИ БЕШ АЗ 6000 ИНШООТ БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 426
Имрӯз, 15 августи соли равон дар шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар нишасти хабарӣ муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва доираи васеи рӯзноманигорон аз воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат доранд.
Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба намояндагони ВАО барои ҳамкории хубу созанда, пешниҳоди барномаҳо, гузоришҳо, хабару мақолаҳои таҳлилии пурмуҳтаво, масъалагузориҳои муҳим, инъикоси дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар шаш моҳи аввали соли 2023 миннатдории самимӣ баён намуда, зикр дошт, ки ВАО барои пешрафти арсаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ифшои камбудиҳо, ташвиқу таблиғи дастовардҳо ва арзишҳои миллӣ саҳми шоиста мегузоранд. Бурду бохт дар бисёр ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма марбут мебошад. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро “яке аз рукнҳои асосӣ, муҳим ва пешбарандаи ҷомеа” арзёбӣ намудаанд.
- Нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳи соли 2023 ба 13 млрд. 867,0 млн. сомонӣ расида, афзоиш нисбати 6 моҳи соли 2022-юм 1,1 миллиард сомонӣ ё 8,2% мебошад. Ҳиссаи вилоят дар Нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6% аст, - афзуд раиси вилоят. - Нақшаи андозҳо, дар умум, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ 102,7% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 127,0 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идома гуфта шуд, ки ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 306,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 1155,4 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,4%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла: маориф – 785,2 миллион сомонӣ; тандурустӣ – 321,0 миллион сомонӣ; ҳифзи иҷтимоӣ – 10,0 миллион сомонӣ; фарҳанг – 39,1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилоят давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 84 адад корхона ва коргоҳ таъсис дода шудааст. Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат 467 ҷойи кории нав муҳайё гардидааст.
Дар вилоят 43 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 838,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 50,1 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 45,6 миллион доллари он сармояи мустақим мебошад. Дар маҷмуъ, ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1 миллиарду 544,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1 миллиарду 474,5 миллион доллараш сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Ба иттилои раиси вилоят бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва азнавсозии 6260 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар 1447 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст, ки нисбати нақшаи умумӣ 23,1% мебошад. Дар назар аст, ки имсол 1367 иншоотро дар вилоят бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.