Хатлон. Ҷинояти коррупсионӣ 31 адад зиёд шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 566
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Хатлон дар 92 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоят тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст.
Дар давраи санҷиш 9 737 289 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз ин 8 688 303 сомонӣ барқарор карда шудааст. Дар ин бора Карим Иброҳимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин, дар ин давра 247 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтидори характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин шумора 90 ададашро ҷинояти вазнин ташкил медиҳад. Маблағи умумии зарар аз рӯи ҷиноятҳои ошкоргардида 11 248 684 сомониро ташкил медиҳад, ки то давраи ҷамъбастӣ 5 846 071 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки то давраи ҳисоботӣ 232 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ошкор карда шудааст. Инчунин, то ин давра ба раёсат 309 аризаю муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид шудааст, ки баъди баррасӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...