Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тақсимоти такрории ММТ кай аст?


Тақсимоти такрории ММТ кай аст?



Тибқи иттилои саҳифаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби дар асоси нақша пурра нагардидани сафи донишҷӯён дар донишгоҳҳои кишвар, барои довталабоне, ки ба озмуни тақсимот (асосӣ) роҳ ёфта, комёб нагардидаанд, яъне, дар тақсимот ба муассисаҳо ноком шудаанд (донишҷӯ нашудаанд), аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимот ҷойҳои холӣ боқӣ мемонанд, озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад.

«Феҳристи ихтисосҳои тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ ҷойҳои холӣ боқимонда, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар шакли электронӣ дар сомонаи Марказ нашр ва дар шакли чопӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дастрас карда мешавад»-менависад манбаъ.

Ба довталабоне, ки ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд, дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад. Ин паёмак ба рақами телефони мобилие, ки он дар варақаи бақайдгирии довталаб нишон дода шудааст, фиристода мешавад.
 Барои иштирок дар ин озмун довталаб бояд дар нуқтаи бақайдгирие, ки нишониаш дар паёмаки ба ӯ фиристодаи Марказ нишон дода шудааст, дар рӯзи дахлдор ҳозир гардида, аз нав сабти ном карда шавад.
Ҳангоми азнавбақайдгирӣ низ довталабон имкон доранд, ки дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо, аз рӯйи ихтисосҳое, ки дорои ҷойҳои холианд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.

Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз 12‑ум то 15‑уми август гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки довталаби ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳнаёфта ё дар асоси натиҷаи ин озмун аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба ягон муассисаи таълимӣ тақсимотшуда ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надорад.

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 19‑уми август эълон мешавад.

Довталаби дар озмуни тақсимоти такрорӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида (аз 19-ум то 23‑юми август) ба муассисаи таълимии дахлдор бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳозир шавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода