Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздошти яқ қатор маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта


Боздошти яқ қатор маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта



Дар шашмоҳаи соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сирояткунандаи чорво ва таъмини вазъи муътадили ташхиси эпизотӣ, бемории буғумдарди (бурселёз)-и чорвои калони шохдор 81422 сар ташхис гузаронида шудааст.

Назорат ва таъмини иҷрои талаботҳои байторию санитарӣ, аз ҷумла истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти чорво зери назорати мутахассисони соҳа ба роҳ монда, то имрӯз дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят санҷишҳо гузаронида шудааст. Дар натиҷаи он, 16480 кг маҳсулоти гӯштӣ, 7808 кг маҳсулоти ширӣ, 1738 кг равғани растанӣ, 7334 дона тухм ва дигар анвои маҳсулот ошкор намуданд,- иттилоъ дод, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Рауфзода.

Мавсуф иброз дошт, ки аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда маълум карда шуд, ки бо сабаби ба талаботҳои байторию санитарӣ ҷавобгӯ набудан беш аз 10 ҳазор дона тухм, 2392 кг маҳсулоти ширӣ, 8626 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1011 кг равған, 327 кг моҳӣ, 45513 кг меваю сабзавот, 1871 кг маҳсулоти полезӣ аз фурӯш боздошта, нобуд карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳое, ки натиҷаҳои санҷишашон қаноатбахш нестанд, аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои дахлдор мувофиқи дастурамалҳои амалкунанда дар якҷоягӣ бо мутахассисони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода