Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Содиршавии ҷиноят дар вилоят коҳиш ёфтааст


Содиршавии ҷиноят дар вилоят коҳиш ёфтааст



Дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ дар 6 моҳи соли равон тамоюли пастравӣ дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 342 ҷиноят ё 9,6% кам содир шудааст.

Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ин давра 3221 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва 38%- и ин ҷиноятро кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор намудаанд. Қайд гардид, ки дар ин давра ба прокуратураи вилоят 3643 муроҷиат ворид гардидааст, ки бештари муроҷиатҳо ба замин ва қонунвайронкунӣ дар ин самт марбут мебошад.

- Дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 97 санҷиш гузаронида, 3794 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, - афзуд прокурори вилоят А. Раҳимзода. - Баҳри бартарафсозии онҳо 1973 нафар роҳбарони мақомотҳои дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳои ба замин алоқаманд 300 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки кормандони мақомоти прокуратураи вилоят бо дарназардошти афзоиши башиддати садамаҳои воситаҳои нақлиёт 1717 қонунвайронкуниро ошкор ва ҷиҳати рафъи қонунвайронкуниҳо 689 санади рокурорӣ баровардаанд. Бо баррасии онҳо 969 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ прокурори вилояти Хатлон ва кормандони масъули ин ниҳод ба суолҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода