150 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 338
Дар шаш моҳи соли 2023 ҷамъоварии андозҳои давлатӣ 100%-и иҷро гардида, ба буҷет 26 195810 сомонӣ маблағ ворид карда шуда, ин нисбати нақша 23410 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3538,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Қурбоналӣ Юсуфзода, раиси ноҳияи Вахш зимни нишасти матбуотии хеш ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ нақшаи андозҳо 101% иҷро гардида, ба буҷет 32764 100 сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Дар ноҳия 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амал карда, маблағи азхудшуда 18387,5 долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот бошад, аз тарафи соҳибкорон 15 лоиҳа ба маблағи 139000 доллар амалӣ гардида истодааст.
Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 114535,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16904,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 117,3%-ро ташкил дод.
Корҳои сохтмонию васлкунӣ ба 42 468,0 ҳазор сомонӣ ё ба маблағи 7849,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, фондҳои асосие, ки ба кор андохта шуданд, 15795,7 ҳазор сомонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ 6031 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 150 иншоот ба нақша гирифта шуда, то шаш моҳи соли 2023 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти “Вахш” 14 адад, “Киров” 21 адад, “Тоҷикобод” 14 адад, “Рӯдакӣ” 10 адад, “20-солагии Тоҷикистон” 21 адад, Ваҳдат 4 адад, “Машъал” 8 адад сохтмони иншоотҳо оғоз гардида, дар маҷмӯъ 32 иншоот ба истифода дода шудааст, ки беш аз 100 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.
Лоиҳаи қарори раиси ноҳия дар бораи ворид намудани тағйирот омода шуда, бо дархост ва муроҷиати шаҳрвандон теъдоди иншооти ҷашнӣ ба 240 адад расонида мешавад.
Дар ин давра дар 40 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 22 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 1050 нафар сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 45 синфхонаи иловагӣ барои 2250 ҷойи нишаст идома доранд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...