Раиси вилоят ба ҳамдардии хонаводаҳои шахсони фавтида ва аёдати маҷруҳони шаҳри Кӯлоб рафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 338
Раиси вилояти Хатлон, вазири корҳои дохилӣ, вазири нақлиёт, вазири тандурустӣ ва дигар масъулон ба ҳамдардии хонаводаҳои шахсони фавтида ва аёдати маҷруҳони сонеҳаи шаҳри Кӯлоб рафта, ба онҳо кумак кардаанд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешиданд.
Шоми 6-уми август, тахминан соати 19:30, дар шаҳри Кӯлоб сонеҳаи мудҳиши нақлиётӣ шуд, ки дар натиҷа хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард.
Бар асари ин ҳодиса 10 кас кушта, 11 каси дигар захм бардошта, се манзили истиқоматӣ ва чанд воситаи нақлиёт хароб шудаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...