Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЗАРИФ НАЗИРӢ: ВАРЗИШГАРОНИ НОҲИЯ 70 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД


ЗАРИФ НАЗИРӢ: ВАРЗИШГАРОНИ НОҲИЯ 70 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД



«Давоми нимсолаи якуми соли 2023 6 адад корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ "Ҳотамшо" - корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта ва хом, ҶДММ "Салимзода Фархорӣ" - корхонаи истеҳсоли хишти хому пӯхта, ҶДММ "Абдураҳмони Бунёд" - коргоҳи коркарди тунука, ҶДММ "Абӯумар" - коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои плостикӣ, ҶДММ "Авесто-МС" - корхонаи истеҳсоли макарон, коргоҳи дӯзандагӣ сохта ба истифода дода шуданд.” – гуфт Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор дар нишасти матбуотӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ба қадри 106,9% иҷро гардида, ба ҷои 24075,8 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 25740,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1664,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 5682,9 ҳазор сомонии пешбинишуда 4826,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 84,9%-и нақшаро ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 11405,7 ҳазор сомонӣ 10652,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 93,4% мебошад. 

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор зикр кард, ки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 ба ҷои 135,9 ҳазор сомонӣ корҳои дар нақша пешниҳод шуда ба маблағи 135,8 ҳазор сомонӣ корҳоро ба анҷом расонидааст, ки 99,8%-ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, таъмири роҳҳо 101,0% ба маблағи 56725 сомонӣ, таъмири ҷорӣ 99% ба маблағи 72048 сомонӣ, кабудизоркунӣ 99,0% ба ҷои 7150 сомонӣ 7046 сомонӣ ба ҷо овардааст. 

- Давоми нимсолаи якуми соли 2023 кишоварзони ноҳия 54333,0 тонна сабзавот (112,6%), катошка 9916,0 тонна (104,8%), полезӣ 18322,0 тонна (140,2%), ғалладонагиҳо 46775,0 тонна (101,3%), меваҷот 3687,0 тонна (101,5%), зироати хӯроки чорво 22981,0 воҳиди хӯрока (100,1%) истеҳсол намуданд. Дар ин давра чорводорони ноҳия 1801 тонна гӯшт (105,4%) ва 7698 тонна шир (104,7%) истеҳсол намуданд. Дар ноҳия 32,6 тонна гушти моҳӣ (159%), 1727,4 ҳазор донна тухм (70,4%), пашм 137,4 тонна (104,0%), асал 116,3 тонна (100,0%) истеҳсол шуд. Ширдӯшӣ аз ҳар як сар модагов 873 кг (100,1%) ва тухмгирӣ аз ҳар як сар мокиён 47 дона (45,4%)-ро ташкил дод. 

- Дар озмунҳои байналмилалӣ 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноoия иштирок карданд, ки аз байни онҳо 1 нафар хонандаи муассисаи таълимии №24 Шарифов Шоҳрух дар олимпиадаи байналмилалии "Кенгуру" соҳиби ҷойи сеюм гардид. 

Гуфта шуд, ки давоми нимсолаи якуми соли 2023 варзишгарони ноҳия 70 адад медал аз мусобиқаҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки аз ин шумора 34 адад тилло, 15 адад нуқра, 21 адад биринҷӣ мебошанд. 

Дар самти омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 400 адад бинову иншоотҳо, аз он ҷумла дар соли 2022 сохтмону азнавсозии 80 адад, дар соли 2023 сохтмони 75 адад, дар соли 2024 сохтмони 81 адад, дар соли 2025 59 адад ва дар соли 2026 бошад, сохтмони 106 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 41 адад ба шаҳраки Фархор, 38 адад ба деҳоти Фархор, 43 адад ба деҳоти Ватан, 44 адад ба деҳоти Хуросон, 45 адад ба деҳоти Зафар, 43 адад ба деҳоти Деҳқонобод, 40 адад ба деҳоти Гулшан, 21 адад ба деҳоти Дарқад, 52 адад ба деҳоти Истиқлол ва 34 адад ба деҳоти Хутан рост меояд. 

Дар соли 2023 75 адад сохтмону азнавсозии иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон 30 адад ба истифода дода шуда, дар 40 адад иншоотҳои дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, моҳҳои наздик мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд. 

“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода