Раиси вилояти Хатлон ба мушкили 17 сокини Кӯлоб расидагӣ кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 434
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қабули сайёри шаҳрвандонро гузаронид.
Муроҷиати 17 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб доир ба масъалаҳои расонидани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду фарзандони маъюбдошта, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кумак дар сохтмони манзили истиқоматӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, тоза кардан ва мустаҳкамсозии соҳили канал ва соҳилҳои харобшуда, сохтмони пули харобгашта, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ва дигар масоили рӯзгор шунида шуд.
Раиси вилоят ҷиҳати баррасӣ ва иҷрои масъалаҳои матраҳкардаи сокинон ба масъулони ниҳодҳои дахлдори вилоятиву шаҳрӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид масъулонро вазифадор кард, ки то оғози соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, доир ба харидории сару либоси истеҳсоли ватанӣ ва таъмини сифати он тадбирандешӣ кунанд.
Инчунин, доир ба омодагӣ ба даъвати навбатии хизмати ҳарбӣ, анҷом додани кишти такрорӣ, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, ҷалби сармоя дар соҳаи саноатикунонӣ, вохӯрӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ, омодагӣ ба зимистони пешорӯ дар соҳаи барқ ва интиқоли он ба масъулон дастуру супориш дода шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...