Давлаталӣ Саид: “Хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳри Бохтар бояд беҳтар шавад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 416
28 июл дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Баррасии вазъи хизматрасониҳои коммуналӣ ва тозагиву ободонӣ дар маркази маъмурии вилоят аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷамъомади мазкур буд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба вазъи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар изҳори назар карда, фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтарро дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Ба таъкиди раиси вилоят, масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор бояд ҳифзи муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон таъмин намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро таъмин намуда, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риояи қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд.
- Дар баробари ин, масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд, - қайд кард Давлаталӣ Саид. - Муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа низ аз вазифаҳои муҳимми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Пас аз пурсишу масъалагузорӣ дар назди роҳбарони ниҳодҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Бохтар, раиси вилоят Давлаталӣ Саид инчунин вобаста беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинонӣ дастурҳо дод.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ҷумла зикр кард, ки масъалаи таъмини бехатарии санитарӣ ва дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00