30,0% барои рушди соҳаи кишоварзӣ қарз дода шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 381
Фирдавс Самадзода Ҷаббор мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар дар шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки вобаста Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" тамоми чораҳо андешида шуда, баргузории семинар-омӯзишҳо бо рӯзноманигорон, ҳамчунин тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намудани роликҳои омӯзиши дар назар аст.
Барои гузариш ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва татбиқи он ташкилотҳои қарзии молиявии вилоятӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS – терминал ва QR-рамзро амалӣ мегарданд.
-Бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақа ба санаи 30 июни соли 2023 дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии 333 адад постерминалҳои пардохтӣ ва 3 141 адад QR-рамзҳо насб карда шудааст, ки тавассути онҳо дар 6 моҳи аввали соли 2023 зиёда аз 4, 8 ҳазор пардохтҳо ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ амалиётҳо анҷом дода шудааст, -Фирдавс Самадзода мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ дар самти қарздиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа дар шаш моҳи соли равон бо маблағи 1,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Тақсимоти соҳавии қарзҳои додашуда нишон дод, ки ҳиссаи асосии қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ 30,0%, саноат 4,4%, сохтмон 3,0%, нақлиёт 0,5%, хизматрасонӣ 7,3%, савдои хориҷӣ 9,9%, истеъмолот 42,2%, ва дигар соҳаҳо 2,8%-ро ташкил додааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...