САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз, Боздид 1 204
Сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш 18 феврал бо боздид аз рафти сохтмони майдончаи варзишӣ, воқеъ дар деҳаи Теппалиқи Ҷамоати шаҳраки “Киров” оғоз гардид.
Сохтмони майдончаи варзишӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкор Раҳмонов Комилҷон ҷараён дорад.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки майдончаи варзишӣ дар асоси лоиҳа бо усули муосири меъморӣ сохта шуда, дар масоҳати 800 метри мураббаъ доман афрохтааст. Барои бунёди иншоот сарфи 280 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар майдончаи варзишӣ шароити хуби хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар майдончаи мазкур баъди пурра ба кор оғоз бахшидан бо фарогирии мураббиён ва ҷавонони шаҳраку деҳот 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, садҳо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш дар он машқу тамрин карда метавонад.
Раиси вилоят вобаста ба болопӯш кардани майдонча ва ободонии атрофи он ба масъулин тавсияҳо дод.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Вахш аз раванди корҳои сохтмонӣ аз биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи кишоварзӣ дидан намуд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ “Балх-2015” моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.
Бинои коллеҷи кишоварзӣ дар масоҳати умумии 67840,0 метри мураббаъ қомат хоҳад афрохт. Арзиши лоиҳавии сохт-мон беш аз 150 миллион сомонӣ буда, то имрӯз ҷиҳати корҳои сохтмонӣ беш аз 10 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ин бино аз 5 ошёна ва барои 600 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коллеҷи мазкур шароити хуби хизматрасонӣ ва таҳсилро фароҳам оварда, беш аз 150 нафар омӯзгорону кормандони техникӣ дар он бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бунёди боз як муассисаи таълимии махсусгардонидашударо дар водии Вахш муҳим арзёбӣ кард. Зеро дар вилояти Хатлон, ки минтақаи аграрист, ба мутахассисони ихтисосманди соҳаи кишоварзӣ талабот зиёд мебошад.
Инчунин, доир ба зарурати суръатбахшии раванди сохтмон, зебогардонии атроф ва бо тарҳи муосир бунёд гаштани бинои таълимӣ таъкид шуд.
Шуъбаи иттилоотии
дастгоҳи раиси вилоят
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
18-02-2021, 04:03