Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Хоҷам, боғ дорӣ?- дорам!”


“Хоҷам, боғ дорӣ?- дорам!”




Оё сомонаҳои расмии шаҳру навоҳӣ ба талабот ҷавобгӯянд?

Рушди бесобиқаи техникаву технология барои фаврияти бозтоби ҳаводиси рухдода аз тамоми гӯшаву канори дунё василаи хубу созгор аст. Мавзуи матраҳнамудаи мо оид ба сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мебошад, ки бояд барои пурзӯр намудани фаъолияти иттилоотӣ сомонаҳои расмии худро фаъол нигоҳ доранд. Аммо суоле ба миён меояд, ки то кадом андоза сомонаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд? 

Сарсухан ё нигоҳе ба консепсияи “ҳукумати электронӣ”

Имрӯз дар баробари телевизиону радио ва матбуоти даврӣ интернет низ яке аз воситаҳои расонидани иттилоот гардидааст. Бо рушди интернет ва падид омадани расонаҳои иттилоотӣ рисолати намояндагони васоити ахбори омма зиёд шуд, яъне сареият тавонист пурзӯр гардад. Ҳамин тариқ, сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ низ нақши манбаи асосии иттилоотиро оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти хуидоракунии маҳал мебозанд. Татбиқи амалии консепсияи “ҳукумати электронӣ” имконият фароҳам меорад, ки шаффофияти фаъолияти мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ боло равад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет” масъулияти кормандони иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳалро бояд даҳчанд зиёд намояд. 

Бохтар. Чаро масъулон бемасъулиятанд?

Охири моҳи марти соли ҷорӣ, баъди се моҳи ба вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин шудани Файзулло Баротзода, корманди рӯзномаи “Хатлон” Фаромӯз Бобоев, дар саҳифаи фейсбукӣ бо нашри паёми “Масъулон аз ивази раиси шаҳр огоҳ нестанд?” ва аз фаъол набудани сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ёдовар гардид, ки ҳатто номи раиси пешина (Сиҷоуддин Саломзода) иваз карда нашуда буд. Баъди интиқод масъулин ин мушкилиро бартараф карданд. 

Мақсади ташкили сомона танҳо намоиши номи раису кормандони мақомот нест, бояд дар расонидани иттилоъ низ фаъол бошанд. Аммо охирин хабаре, ки дар сомонаи шаҳри Бохтар (www.bokhtar.tj) гузошта шудааст, таърихи 21 майи соли 2023 зери сарлавҳаи «Баргузории «Дави миллӣ» ва «Марафони велосипедронӣ» дар шаҳри Бохтар» мебошад. Ҳамчунин, то имрӯз ибораи «...иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар...» ба «...раиси шаҳри Бохтар» иваз нашудааст. Чаро масъулон ин қадар бемасъулиятанд?

Сомонаҳои расмии ноҳияҳои сарҳадӣ дар кадом вазъ аст?

Дар ҷомеаи муосир дар фазои иттилоотӣ “ҷанги иттилотӣ” яке аз муҳимтарин рукнҳои фаъолияти сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Фаъол будан дар сомонаҳои интернетӣ ва пахши гузоришу ахбори сареъ аз минтақаҳои гуногун талаби замон мебошад. Хусусан, аз ноҳияҳои сарҳадӣ сари вақт дастрас намудани маълумоти лозима ҳамеша барои васоити ахбори омма ва аудитория зарур аст.

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ (www.panj.tj) бениҳоят дар ҳолати пасти фаъолият қарор дошта, охирон матлабе, ки дар гӯшаи “Асосӣ”-и он нашр шудааст, 9 январи соли 2023 “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” мебошад. Дар ин баробар, тарроҳии сомона низ бениҳоят паст буда, ҳарфҳои хоси алифбои тоҷикии он хонда намешаванд. Дар гӯшаи “Тарҷумаи ҳол”-и кормандони калидӣ номи муовинони раис ва роҳбари дастгоҳ нест. Оё раиси ноҳияи Панҷ муовин ва роҳбари дастгоҳ надорад? 

Ҳамчунин, дар қисмати поён хабарҳо бо рубрика ҷудо карда шудаанд, ки охирон матлаби онҳо низ моҳи феврали соли ҷорӣ гузошта шудааст. Дар рубрикаи “Барномаҳои минтақавӣ” охирон мавод 21 августи соли 2020 нашр шудааст. 

Ҳамин тариқ, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус (www.shahrituz.tj) низ чун ноҳияҳои ҳамсояи худ “дар хоби ғафлат” мондааст. Дар гӯшаи асосии сомона охирон хабар таърихи 1 июни соли 2023 гузошта шудааст, ки ҳеҷ рабте ба самти фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус надорад. Дар гӯшаи “Мақомоти иҷроия” бошад, ба ҷузъ аз номи як муовини раиси ноҳия дигар маълумоте вуҷуд надорад. Вазифаи раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор бошад, то ҳол “...иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия...” истодааст. Инчунин, дар қисмати рости сомона аломат бо навиштаҷоти “2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” намоён аст, ки калимаи “сайёҳӣ” бе ҳарфи “ӣ” навишта шудааст. Дар сомонаи мазкур ҳатто аз ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус, ки 27-28 майи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, ягон гузориш ҷой дода нашудааст.

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор (www.farkhor.tj) низ чун дигар сомонаҳо дар нашри иттилооти фаъолияти ноҳия хеле камфаъол буда, охирин матлаби гӯшаи “Асосӣ”-и сомона 29 майи соли 2023 нашр шудааст. Маводи мазкур умумӣ буда, “Хоинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ” ном дорад, ки дахле ба фаъолияти ноҳиядорӣ надорад. Дар гӯшаи “Боздиди сомона” бошад, хабарҳо оид ба вазъи марз, ки моҳи сентябри соли гузашта ба амал омада буданд, гузошта шудааст. Дар ин муддат раиси ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор фаъолияте надоштанд? Ҳамчунин, оид ба шарҳи ҳоли раиси ноҳия дар сомона ягон маълумоте пайдо карда намешавад.

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (www.hamadoni.tj) нисбати дигар сомонаҳои шаҳру навоҳӣ фаъолтар буда, ҳама гуна маълумоти лозима оид ба фаъолияти мақомотро пайдо кардан мумкин аст. Ҳамчунин, оид ба тарҷумаи ҳоли раиси ноҳия, муовинон ва кормандони ноҳия маълумоти лозима ҷой дода шудааст. Нашри хабар дар сомона низ ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст, ки аксарияташ оид ба фаъолияти ноҳия ҳастанд.

Дар ин баробар, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ (www.ndusti.tj) вобаста ба пахши хабару рӯйдодҳои ноҳия фаъолтар аст. Аммо дизайни сомона шакли одӣ дошта, ороиши ҷолиб надорад. 

Дар қисмати рости сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (www.shamsiddinshohin.tj) гӯшаи “Қурби асъор” гузошта шудааст, ки маълум нест аз кадом вақт аст. Зеро тибқи маълумоти ин сомона, арзиши як доллари ИМА 9.4253 сомониро ташкил медиҳаду арзиши як рубли русӣ 0.1419 сомонӣ аст. Бо пахши “Гӯшаи асосӣ” ягон маълумот пайдо намешавад. Дар гӯшаи “Ахбор” бошад, чанд вақти охир матлаб гузошта шудааст, ки ҳеҷ ба хабар монанд нестанд. 

Дар як сарлавҳа 9 хато 

Тавре ба назар мерасад, гӯё сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро (www.jomi.tj) ягон муҳассили аз забону адабиёт фарсахҳо дур пеш мебарад, ки аслан риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар он дида намешавад. Ҳатто номи расмии ноҳия (Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия Абдураҳмони) хато навишта шудааст, ки ҷойи таассуф аст. Охирин хабаре, ки дар ин сомона гузошта шудааст, таърихи 1 июни соли ҷорӣ мебошад, ки дар сарлавҳааш (Аз 9,5 То 11,5 Сол. Ҳукми Подполковник Ва 5 Сарбози Пешин Барои Латукӯби Наваскарон) 9 хатои имлоӣ дорад. Дар бораи раиси ноҳия ва дигар кормандони мақомот маълумоте ба даст оварда намешавад. 

Бояд изҳор дошт, ки сомонаҳои расмии шаҳрҳои Кӯлоб (www.kulob.tj), Норак (www.norak.tj), Левакант (www.levakant.tj), ноҳияҳои Кӯшониён (www.kushoniyon.tj) ва Балҷувон (www.baljuvon.tj) нисбатан фаъолияти хуб дошта, рӯйдоду воқеоти шаҳру ноҳия сари вақт нашр мешаванд. 

Сомонаи расмии ноҳияи Ховалинг (www.khovaling.tj) низ нисбатан фаъолияти хуб дорад, аммо аз ҷараёни сафари кории Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, ки рӯзи 20 июни соли ҷорӣ сурат гирифта буд, ягон хабар гузошта нашудааст. Дар ин баробар, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш (www.vakhsh.tj) дар инъикоси рӯйдоду воқеот ва нашри мавод нисбатан камфаъол буда, охирин мавод таърихи 4 майи соли ҷорӣ гузошта шудааст.

Масъулин аз иваз шудани раисони шаҳру навоҳӣ хабар доранд?

Нашри матолиби мубрами рӯз, хусусан оид ба шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва хатари терроризму экстремизм барои хонандагон хуб аст. Аммо дар ин баробар, бояд аз фаъолияти пурсамари ноҳия гузоришу хабарҳо вориди сомона карда шаванд. Охирин маводе, ки дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ (www.vose.tj) дастрасӣ пайдо карда тавонистем, таърихи 4 июли соли 2023 гузошта шуда буд. Аммо инъикоси рӯйдодҳои ноҳия ғайрифаъол аст. Аз таъин шудани Ҷамшед Шарифзода ба вазифаи раиси ноҳияи Восеъ қариб ду сол (17.11.2021) гузашт, аммо ҳамоно дар гӯшаи “Раиси ноҳия”-и сомона номи Шарбатулло Азизулло боқӣ мондааст. Ҳамчунин, дар сомона номи муовинони раиси ноҳия низ то имрӯз иваз нашудаанд.

Сомонаҳои расмии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (www.balkhi.tj) ва ноҳияи Қубодиён (www.qubodiyon.tj) дар пахши рӯйдодҳои ноҳия нисбатан фаъоланд, аммо аз моҳи январ то имрӯз шаш моҳ аз байн гузаштаасту дар гӯшаи раиси ноҳия номи собиқ раис тағйир наёфтааст. Оё масъулин аз иваз шудани раиси ноҳияи Қубодиён огоҳ нестанд? Дар сомонаи Ҷалолиддини Балхӣ бошад, то ҳол номи раиси нав пайдо нашудааст.

Бархе ноҳияҳо сомонаи худро аз рӯйи мақоли “Хоҷам, боғ дорӣ? –Дорам?” ташкил кардаанд?

Барои ворид шудан ба сомонаҳои расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун (www.jayhun.tj) ва ноҳияи Темурмалик (www.temurmalik.tj) муваффақ нашудем. Дар ин асно, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Ёвон (www.yovon.tj) моро тамоман ба дигар ҷой бурд. Доштани сомона фиреби назар аст ё ба истилоҳ, танҳо ба хотири “галочка”?

Дар дохили сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара (www.dangara.tj) роҳгум задан мумкин аст, зеро тартибот ва танзим вуҷуд надорад. Чун аксари сомонаҳои дигар шаҳру навоҳӣ, хабарҳои гузошташудаи ин сомона низ аз аввали моҳи июн буда, дар бораи раиси ноҳия ва дигар кормандон маълумоти шарҳиҳолӣ ба даст овардан ғайриимкон аст.

Дар ин раванд, дар сомонаи ноҳияи Муъминобод (www.muminobod.tj) низ тартибот дида намешавад ва охирин матлаби нашршуда моҳи январ вориди сомона шудааст. Ҳамчунин, сомонаи ноҳияи Хуросон (www.khuroson.tj) низ ҳаммонанди инҳо буда, охирин матлаб 14 сентябри соли 2022 нашр шудааст.

Ҳамин тариқ, бетаваҷҷуҳӣ дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав (www.nosirikhusrav.tj) низ ба назар мерасад, ки аз соли 2021 то имрӯз иваз нашудани ибораи “...иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия...” далели асосӣ маҳсуб меёбад. Охирин матлаб низ моҳи марти соли ҷорӣ пахш шудааст.

Хулоса ё андешаи муаллиф

Мақсад аз ташкил намудани сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ шинос намудани кормандони он ба мардум, огоҳ кардани мардум аз фаъолияти пурсамари шаҳру ноҳия, тарғиби арзишҳои миллӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва зич намудани ҳамкории мардум ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аммо аз таҳлили боло бармеояд, ки аксарияти сомонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон танҳо ба хотири “галочка” буда, фаъолияти муназзам ва ботартибро надоранд. 

Инҷо суоле ба миён меояд, ки шаҳрвандон тавассути гӯшаи “Муроҷиати шаҳрвандон” ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ муроҷиат карда метавонанд? Агар ҳа, чӣ қадар муроҷиат ба қайд гирифта шудааст? Ин мавзуъро барои таҳлилҳои минбаъда боқӣ мегузорем.

Бояд ёдовар шуд, ки татбиқи амалии консепсияи “ҳукумати электронӣ” ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет” барои пур намудани фазои иттилоотии шаҳру ноҳия ва дар умум ҷумҳурӣ нақши созгор дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки имрӯз сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз нигоҳи пахшу интишори хабар, ороиши сомона, тарҳ, муҳтаво, маҳсулнокӣ ва дигар талаботҳое, ки дар Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаҳои интернет оварда шудаанд, ҷавобгӯ нестанд. 

Барои фаъолияти пурсамари сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, пеш аз ҳама, рӯзноманигорони соҳибаҷриба ва бомаҳорат ба кор ҷалб карда шаванд. Дар ин баробар, матлабҳое, ки дар нашрияҳои музофотӣ нашр мешаванд, дар сомона ҷой дода шаванд. Инчунин, бояд қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя карда шавад.

P.S. Бояд изҳор дошт, ки феҳристи сомонаҳои расмии шаҳру навоҳӣ аз сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (www.khatlon.tj) гирифта шудааст. Маълумотҳои истифодашуда (мониторинги сомонаҳо) то таърихи 4-уми июли соли 2023 мебошад.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода