СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ МАВЗУИ “ТАТБИҚИ МЕХАНИЗМИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ ДАР РУШДИ ИНФРАСОХТОР ВА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 318
Имрӯз, 15 июн бо саҳми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ” гузоронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани семинари мазкур тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорон дар рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, татбиқи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ, низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он, безараргардонии асбобҳои бомаротиб истифодашаванда ва мониторинги сифати безараргардонӣ, омӯзиши санадҳои меъёриии ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ислоҳот дар самти дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар бораи низоми бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ иттилоъ дода шуд. Низоми бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ баҳри ҳалли як қатор масъалаҳо, аз ҷумла ташкили ягонаи махзани рамзҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муқовимат бо истифодабарии ғайриқонунии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муқовимат бо воридот ва истифодабарии ғайриқонунии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ пешгирии паҳн гардидани воситаҳои мобилии алоқаи барқии бесифат равона шудаст.
Дар ин раванд, гуфта шуд, ки ҷалби бахши хусусӣ аз тарафи давлат барои сохтмон, азнавсозӣ, навсозӣ, хизматрасониҳои техникӣ, истифодабарӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ба аҳолӣ мебошад.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...