Шиносоии раиси вилоят аз раванди таҷдиди қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 340
Имрӯз, 15 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои вобаста ба таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар шинос шуд.
Қобил зикр аст, ки марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хатти ҳаракат, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Тавре ки иттилоъ доданд, сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ ба анҷом расониданд.
Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулони ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчии лоиҳа ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон ва ҳамаи сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ изҳори сипос намуд. “Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад”, - зикр кард раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулони лоиҳа ва роҳсозон.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00