Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва содиротӣ дар шаҳри Бохтар (суратгузориш)


Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва содиротӣ дар шаҳри Бохтар (суратгузориш)



Дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар баҳри муаррифии имконияти истеҳсолӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2023» доир гардид. 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва иштирокчиёну меҳмонони Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.


Намоишгоҳ ба иштирокчиён ва меҳмонон имкон дод, ки аз наздик бо хусусияти хоси ҳар маҳсулот, аз ҷумла намуди зоҳир, ранг, мазза, шаҳдборӣ ва дигар сифатҳои он шинос шаванд. Дар баробари ин, ба иштирокчиён доир ба ҳаҷм, миқдор, майдони кишт, имконияти истеҳсолӣ, мавсими пухта расидан ва ҷамъоварии маҳсулот маълумот манзур карда шуд.


Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.



Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода