Вохӯрии раиси вилоят бо соҳибкорони Эрон ва Ироқ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 462
Имрӯз, 24 май, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид намояндагони “Бонки аврупоии таҷдид ва рушд” ва ҳайати мушовирони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масоили марбут ба раванди татбиқи лоиҳаҳоеро, ки аз тарафи “Бонки аврупоии таҷдид ва рушд” маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони “Бонки аврупоии таҷдид ва рушд” Виталий Кузнетсов, Талай Асилбеков, Ҷамшед Холов ва ҳайати мушовирони байнамилалӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳои самарабахш гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бонки аврупоии таҷдид ва рушд” лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ амалӣ гашта, ҳамкориҳои судманд дар ин самт идома дорад.
Ҳоло Лоиҳаи “Рушди хизматрасонӣ дар соҳаи об дар вилояти Хатлон” аз нигоҳи иқтисодӣ ва техникӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Лоиҳаҳо дар самти идоракунии партовҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Ёвон, таъминот бо оби нӯшиданӣ дар шаҳри Норак ва рушди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон бо маблағи умумии 30,2 миллион доллари амрикоӣ бевосита амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон вилояти Хатлон ҷонибдори он аст, ки ҳамкориҳо дар самти таъминоти самарбахш бо барқ ва гармӣ, бунёди роҳҳо ва рушди хизматрасонии нақлиётӣ, тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ ва обрасонӣ ва дастгирии бахши хусусӣ тақвият ёбад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омодагии вилоятро ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳо дар самти рушди иқдисоди сабз баён дошт. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 “Барномаи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” амал мекунад.
Дар мулоқот ҳар ду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ҳадафҳо ба таври самарабахш татбиқ гардида, дар оянда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо “Бонки аврупоии таҷдид ва рушд” лоиҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд, ки мақсади тадбирҳои мазкур беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон аст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00