Дар шаҳри Бохтар Форуми сеюми байналмилалии содиротӣ ба кори худ шурӯъ кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 485
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар имрӯз Форуми 3-юми байналмилалии содиротӣ «Бохтар Фуд-2023» оғоз гардид.
Форум аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ташкил карда шудааст.
Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Форум ду рӯз идома карда, дар он муҳокимаҳои панелӣ оид ба масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, пешбурд ва рушди содирот сурат мегиранд. Дар доираи форум баргузории намоишгоҳи зарфиятҳои кишоварзию саноатӣ ва содиротии Хатлон, мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» якчанд созишнома ба маблағи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расида буд. Дар он зиёда аз 200 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, маъмурияти ниҳодҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, бахши хусусӣ, роҳбарони ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ширкат варзиданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...