Сафари кории Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 522
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин, васеъ намудани майдони кишти зироатҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод.
Аснои ин сафар раиси вилоят аз заминҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти парваришнамудаи деҳқонону хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти "Қумсангир" ва "Панҷ"-и ноҳияи Ҷайҳун дидан намуда, бо фаъолияти хоҷагидорон аз наздик шинос шуд.
Гуфта шуд, ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, хоҷагидорону кишоварзони ин ноҳия ба кишту парвариши картошка, пиёз, гандум ва дигар намуди ғалладона бештар машғул буда, дар таъмини бозорҳои кишвар ва берун аз он саҳми калон доранд.
Тибқи иттилои масъулин, имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 3 ҳазору 800 гектар замин кишти пиёз гузаронида, то ба имрӯз 107 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ ва зиёда аз 16 ҳазор тоннаи он ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот гардидааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти "Қумсангир" аз хоҷагиҳои деҳқонии “Мустафо-2015”, “Худойдод-2013”, “ХДФ Баҳодур Толибов” ва дар Ҷамоати деҳоти "Панҷ"-и ноҳияи Ҷайҳун аз хоҷагии деҳқонии “Ҳасан” дидан карда, ба кори кишоварзону деҳқонони хоҷагиҳои мазкур баҳои баланд дод.
Зимни боздид маълум гардид, ки қисмате аз хоҷагидорон ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ карда, аллакай дар қитъаҳои аз зироат холишуда маккаи дон, лӯбиёгӣ кишт намуданд. Ба иттилои масъулин, имсол заҳмати хоҷагидорон дар самти парвариши пиёз самараи хуб дода, онҳо аз як гектар замин то 60 тонна пиёз ба даст овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Нашъунамои картошка ва ғаладонагиҳо дар хоҷагиҳои ҳудуди деҳоти зикршуда хуб мебошад, ки аз меҳнати аҳлонаи кишоварзон дарак медиҳад.
Раиси вилоят зимни сафари корӣ аз пирони рӯзгордида, кишоварзону хоҷагидорон даъват ба амал овард, ки дар рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор бошанд. Ҳар ваҷаб замини корами обиро, ки дар ихтиёр доранд, оқилонаю самаранок истифода карда, дар кишт ва парвариши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ ҳисса гузошта, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, фаровонии бозорҳо мусоидат намоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00