БОХТАР. ИШТИРОКИ ҲАЗОРОН НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 518
Субҳи имрӯз, 21 май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Рӯзи дави миллӣ марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро, ки дар он ҳазорон нафар шаҳрвандони синну соли гуногун фаъолона ширкат варзиданд, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.
- Имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар сартосари кишвар таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст, - афзуд Ф. Шарифӣ. - Баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Варзиш дар ҳама давру замон ва миёни тамоми қишрҳои ҷомеа аз омилҳои асосии таъсиррасон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, дур будан аз гурӯҳҳои ифротӣ, нашъамандию оворагардӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ маҳсуб мегардад. Шахсе, ки ба варзиш машғул аст, ба табиб ниёз надорад.
Муовини раиси вилоят тазаккур дод, ки таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва ифтихори ватандорӣ, бахусус дар миёни ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Зеро миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошта, ин анъана дар кишвар рушд дорад.
Махсусан дар замони Куруши Кабир анъанае роиа буд, ки ҳар як ҷавон камаш аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ҳамчун ҷавонмарди ҳақиқӣ сазовори эътирофу эҳтироми аҳли ҷомеа мегардид. Имтиҳони аввал тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм ақлу дониши расо ва ниҳоят, имтиҳони сеюм одобу фаросати ҳамида буд, ки ин ҳама дар ҳикмати “рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” таҷассум ёфта, ба варзиш алоқамандии зич дорад.
Мавриди қайд аст, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат самти варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол дар вилояти Хатлон дар ҳоли рушд қарор дорад.
Айни ҳол дар вилоят 11 маҷмааи варзишӣ, 3171 майдончаи варзишӣ, 571 толори варзишӣ ва 37 адад ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуд мебошанд, ки аз ҷониби аҳолӣ мақсаднок истифода бурда мешаванд.
Тибқи маълумотҳо, теъдоди варзишгарон дар муассисаҳои варзишии вилоят 17 ҳазору 106 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 2438 нафарашон бонувонанд.
Давоми чор моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ варзишгарони вилоят дар беш аз 30 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 129 медали тилло, 157 медали нуқра, 153 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 439 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 медал зиёд мебошад.
Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ дар чанд гурӯҳ сабқат карданд. Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибону фаъолони дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, аз ҷумла идораи рӯзномаи "Хатлон", барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш диплому сипоснома ва мукофотҳо супурда шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00