Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Дар утоқи бозаргонии шаҳри Машҳад бо иштироки раисони вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Хуросони Разавии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ бизнес-форуми доираҳои сармоягузориву тиҷоратии ду кишвар баргузор гардид.
Қайд гардид, ки раҳбарияти ҳар ду вилоят тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба кор мебаранд. Вилоят яке аз марказҳои рушдёфтаи кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои имконоти фаррохи ҳамкориҳо мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони вилояти Хатлон дар мавриди зарфиятҳои иқтисодӣ, сайёҳӣ, дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят ба доираҳои тиҷоратии Эрон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Гуфта шуд, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздик ба 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дорад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта ба зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сухани худ зикр намуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта/пумба, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезиҳо, 48,7 фоизи мева, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳии кишвар дар вилояти Хатлон тавлид гардидааст.
Ҳамасола дар вилоят беш аз 250 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 миллион адад пӯсти чорвои калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 66 сардхона бо иқтидори умумии ғунҷоишаш 24 ҳазор тонна мавриди истифода қарор дорад. Дар вилояти Хатлон аз ҳисоби мавқеи ҷуғрофӣ ва хусусияти иқлиму хокаш имконияти дар як сол 3-4 маротиба гирифтани ҳосил мавҷуд аст.
- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои муайянгардидаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, дар самти ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Саноати вилоятро 719 корхонаю коргоҳҳои хурду калон намояндагӣ мекунанд, ки беш аз 200 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд. Дар вилоят саноати кӯҳӣ, энергетика, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сабук рушд ёфтааст. Дар вилояти Хатлон беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли барқи ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад.
“Бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои бойи гиёҳҳои шифобахш, аз соҳибкорони эронӣ даъват мекунем, ки таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозиро сармоягузорӣ намоянд”, - афзуд Давлаталӣ Саид.Раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар аз самтҳои авлавиятдори ҳамкориҳо дониста мешавад.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.