Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хунинтарин ҷанг дар таърихи инсоният


Хунинтарин ҷанг дар таърихи инсоният



Таърихи башарият чунин ҷанги даҳшатбор, мудҳиш ва фоҷиаоварро ҳаргиз аз сар нагузарондаву ёд надорад. Замин, ки макони зиндагӣ, шарики шодию ғами инсонҳост, дар зери чархи мошинҳои ҷангӣ ва бомбаҳо месӯхт, фиғон менамуд, имдод металабид:

Ба ҳам часпид лабҳоям,
Диҳедам косаи обе…
Диҳедам косаи обе…
Ки бе хуни ҷигар бошад!
Мадад, эй зодагони ман!
… Ман сайёраам,
Дар банд мемирам.


Гитлерчиён боварии комил доштанд, ки мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ, ки гуногунмиллатанд, метавон онҳоро бо ҳам шӯронд ва дар муддати кӯтоҳ ғалабаро ба даст овард. Раванди ҷанг акси ин гумони ботили гитлерчиёнро дақиқан исбот намуд. Халқи шӯравӣ на танҳо ба муқобили ҳам нашӯриданд, балки ваҳшонияти гитлерчиён онҳоро боз бо ҳам чун занҷири ногусастанӣ муттаҳиду тифоқтар гардонд. Ҳам партизанҳо ва ҳам аскарону афсарони далеру шуҷои Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси кишвар аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, душмани худкомаро ба буни дӯзах мегуселонданд. Ва ӯро саркӯб намуда, то лонаи охиринаш бурда, таслим намуданд. Бо рӯҳи болида, бо парчами ғолибият ба ватани азизи худ баргаштанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷони беш аз 60 миллион нафарро рабуд. Ва қисматҳои оламро ба мушкилоти гӯшношунид мутаваҷҷеҳ намуда, ҳазорҳо шаҳру деҳ ва рустоҳоро ба хок яксон намуд.

Заводу корхонаҳоро вайрону валангор сохтаву ба иқтисодиёти онҳо зарари калони молиявӣ расонд. Миллионҳо модаронро чашминтизори фарзандон гардонда, ҷигаркабоб сохт. Писарону духтарони бавоярасида ба ҳавасҳои айёми гулгулшукуфӣ нарасида, ормону орзуҳои худро ба хок бурданд. Ҷавонмардони саршори орзую ҳавасҳо дар шаҳру деҳи бегона, ҷангалзорҳои бепоён, қаъри дарёву ботлоқҳои касногузарро бо хуни хеш гулранг карда, ба хобе, ки замону ниҳоят надорад, дур аз зодгоҳ, дур аз зодбумону пайвандон ва ҷигаргӯшаҳо дидор ба қиёмат гузоштанд. Ононро тири аду сина шикофта, хуни гармашон заминро лоларанг кард.

Дар қатори ин ғӯрамаргон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 508 нафар дур аз диёр ба хоби абад рафтанд. Барои ҷасорату мардонагӣ ба 63 нафар шуҷоъмардони тоҷик унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуда (як нафар зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст), 15 нафар ҷанговарон- фиристодагони Тоҷикистон ба се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 53 ҳазори онҳо бо ордену медалҳо шарафёб гаштанд.

Мӯсо Абдулло бо се ордени «Шараф», Раҳим Ашӯров бо ордени «Шараф» дараҷаҳои дую се ва дар маҷмуъ 19 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи се ва садҳо нафарони дигар бо ордену медалҳои гуногуни Ҳукумати Шӯравӣ барои корнамоиҳояшон дар ҷабҳаҳои гуногун сарфароз гардонида шудаанд.

Корнамоиву ҷонбозиҳои қаҳрамононаи фарзандони бошарафу ҷонфидои Ватан дар осорхонаи таърих абадан маҳфузанд. Инсоният ваҳшонияти гӯшношунидро ҳаргиз аз хотираҳо зудуда нахоҳад кард. Корнамоии падарону бобоёнамон дар муқобили адуи ваҳмангезу даҳшатбор мактабе гаштааст баҳри натиҷагирӣ, сулҳу салоҳ, ободии Ватан, муҳаббату садоқат ва ватандорӣ.

Аз ғалабаи таърихии Иттиҳоди Шӯравӣ ва озод гаштани халқҳои олам аз зери зулми фашизм 78 сол сипарӣ гашт. Мардуми сайёра 78 сол боз дар рӯҳияи орому осоишта ба сар бурда истодааст. Фаромӯш набояд кард, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо хуни миллионҳо родмардону занону кӯдакон ба даст омадааст. Касе ҳақ надорад, ки ҷасорати онҳоро ба коми фаромӯшӣ биспарад.

Вале имрӯз роҳбарияти қисме аз кишварҳо ба ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ мехоҳанд хатти батлон кашидаю вайро ғосиб номанд. Қабри бобоёну падарон имрӯз валангору бесоҳиб дар сарзамини мулкҳои бегона. Ҳайкалу нимтанаҳои онҳо канда шуда, ба хок яксон гардида истодаанд. Шарми таърихатон бод, эй носипосони роҳи ҳақиқати таърихӣ. Ин хатои бузурги таърихист. Таърихро ҳеҷ кас ҳуқуқи таҳриф кардан надорад. Ва ин ҳуқуқро ба ӯ касе намедиҳад. 

Мо-имрӯзиён муваззафем, ки эҳтироми онҳоро ба ҷо биёварем ва хотираҳояшонро абадан пос дорем. Ҷасорату родмардӣ ва ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ замина фароҳам меорад барои насли ҷавони имрӯзу фардо баҳри сабақи зиндагӣ ва таҳкимбахшии муҳаббати Ватан.

Ҷ. НАЗРӢ, рӯзноманигор,
ноҳияи Ш. Шоҳин

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода