Матбуоти Хатлон дар солҳои ҶБВ чӣ ҳол дошту чиҳо менавишт?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 469
Ибтидои солҳои 40-уми асри ХХ рӯзномаҳои маҳаллии вилояти Хатлон роҷеъ ба ҳарбузарби меҳнатии меҳнаткашон, хоса занон дар ақибгоҳ, кумаки онҳо ба ҷанговарони зери дуду оташи фронт ҷангидаистода, инъикоси ҷараёни кори деҳот, пеш бурдани истеҳсолот ва ғайра таълифоти хонданибоб ба табъ мерасониданд. Ба гуфтаи муҳаққиқ Ш. Муллоев, давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи журналистикаи Тоҷикистон мақоми хосаеро ишғол мекунад.
Дар ин солҳо дар низоми матбуоти Тоҷикистон тағйироти хоси замони ҷанг ба қайд гирифта шуд. Тамоми фаъолияти матбуоти даврӣ ба талаботи вазъияти ҳарбӣ тобеъ карда мешуд. Дар робита ба эҳтиёҷоти ҳарбӣ чопи бисёр нашрияҳои соҳавӣ ва минтақавӣ муваққатан қатъ карда шуда, аз ҳисоби онҳо фаъолияти матбуоти фронтӣ пурзӯр гардид. Чунин нашрияҳои калон, монанди «Пионери Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон» ва маҷаллаҳои «Бо роҳи Ленин», «Мактаби советӣ», «Шарқи Сурх», «Тандурустии Точикистон» ва ғайра аз чоп бозмонданд. Ҳамчунин ба далели кам шудани истеҳсоли коғаз ва мушкилоти моддӣ басомади нашри рӯзномаҳо кам шуд.
Бо вуҷуди норасоии коғаз ва дигар мушкилоти чоп, рӯзномаҳои маҳаллии Хатлон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мардумро бар муқобили истилогарони фашистӣ таҳрик дода, матолиби даъваткунанда ба ҳифзи марзу буми Ватан, сарнагунии душманони сохти сотсиалистии Иттифоқи Шӯравӣ нашр мекарданд. Рӯзномаҳо шиори умумихалқии «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!»-ро сармашқи кори худ карда буданд ва ташвиқ мекарданд, ки мардум барои қонеъсозии ниёзмандиҳои фронт, ба пурра кардани сафи сарбозони артиши Шӯравӣ мусоидат намоянд.
Профессор А. Азимов дар бораи вазифаҳои матбуот дар солҳои ҶБВ менависад, ки матбуот вазифадор буд, мақсади истилогарона доштани ҷаҳони империалистиро ошкор намояд, онро ба таври возеҳу равшан шарҳу эзоҳ диҳад, моҳияти ҷанги сарзадаро фаҳмонад, меҳнаткашонро дар рӯҳияи қаҳрамонӣ, устуворӣ тарбия намояд.
Азбаски дар солҳои 40-уми асри ХХ бисёре аз деҳаҳои вилояти Хатлон бо неруи барқ таъмин набуданд ва амвоҷи радио дастрас набуд, матбуоти чопӣ ягона воситаи ахбори омма ва тарғибот маҳсуб меёфт. Нашрияҳоро аз марказҳо ба деҳот хаткашонҳо ба воситаи аспу маркабҳо кашонида, ба аҳолӣ дастрас мекарданд. Бар замми ин, аз ғалабаи инқилоби октябр 20- 25 сол гузашта буд ва қисмати зиёди мардуми рустонишин саводи хондану навиштанро надоштанд. Бинобар ин тавре ки муаррих С. Неъматов менависад, ҳокимияти маҳалҳо аз ҳисоби зиёиён, асосан муаллимон ва комсомолони саводнок агитаторҳо, яъне ташвиқоту тарғиботчиёнро тайёр мекард. Ҳамин нафарон рӯзномаву маҷаллаҳоро бо худ гирифта, ба чойхонаҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва хирманҳо рафта, ба мардум дар фурсатҳои муносиб мақолаҳоро хонда маънидод мекарданд… Солҳои ҷангии 1941-1945 агар газетаеро пайдо мекарданд ва дар он хабари хушеро аз фронт мехонданд, тамоми мардуми маҳал аз хушҳолӣ ашки шодӣ рехта, ҳамон газетаро ба дидаҳо мемолиданд, чун набуд нафаре, ки додараш, бародараш, шавҳараш ё модареро ҷигарбандаш дар майдони набард набошад. Газета ба ҳолате мерасид, ки аз даст ба даст гузашта, аз намии ашки шодиву ғам зарду фарсуда мешуд, лекин ба замин намеафтид, онро ҳамчун ганҷи бебаҳо дар қафаси сина, дар бағалҳо нигоҳ медоштанд.
Баробари шунидани хабари шуми ҷанг ва қаҳрамониҳои ҷанговарон, асосан аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту фидоиён нафарони зиёде даъватномаи комиссариатҳои ҳарбиро интизор нашуда, ба фронт барои ҳифзи Ватан мерафтанд.
Ҳамин тавр, сухани матбуот дар миёни мардуми дар ақибгоҳбуда таъсирбахш буд. Мардум аз хондан ё шунидани хабари хуше аз фронт рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои хӯронидан ва пӯшонидани армия даҳчанд меҳнат мекарданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хоҷагии халқи Тоҷикистон хисороти зиёде ворид сохт. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ коҳиш ёфт, банобар ба майдони набард сафарбар гардидани мардон ҷойи онҳоро занон гирифтанд. Дар матбуоти даврии маҳал перомуни заҳамоти занону модарон дар ақибгоҳ матолиби фаровоне ба нашр мерасид. Аз он ҷумла, нашрияи ноҳиявии «Коммунисти Балҷувон» дар шумораи рӯзи 13 ноябри соли 1941 аз корномаи Анорбӣ Раҳимова, модаре ситоиш кард, ки ду писараш сарбози сурх» буда, дар фронт қарор доштанд ва ин модар аз деҳаи Чилатоши хоҷагии ба номи Сталини Шӯрои қишлоқи «Саталмуш» (имрӯза ҳудуди ноҳияи Ховалинг – Н.М.) ба фарзандонаш шимҳои аз пахтаи тоза дӯхтаашро фиристодааст. Ин модар дар суҳбат бо рӯзномаи «Коммунисти Балҷувон» чунин гуфтааст: «Дар ин зимистони қаҳратун бигзор кадом ҷанговаре, ки туҳфаҳои фиристодаи маро пӯшад, меҳру муҳаббати бепоёни модарии ман ӯро чун ҳарорати дили ман гарм нигоҳ дорад. Ба вай қувваю мадори рустамона бахшад, то ки душманони бераҳму шафқатро саркӯб кунад, рӯзи хушбахтию ғалабаро наздик
гардонад…».
Пас аз нашри ин мақола дар рӯзномаи «Коммунисти Балҷувон», дар пайравӣ ба иқдоми бонувони барзгари колхози ба номи Сталини Балҷувон тайи якуним моҳ, то якуми январи соли 1942 аз тамоми ҷумҳурӣ барои артиши Шӯравӣ 2358 нимпӯстин, қариб 53 ҳазор пӯсти овчин, беш аз 36 ҳазор килограмм пашм, 4132 адад дастпӯшак, зиёда аз се ҳазор ҷуфт мӯзаи намадин ва қариб 17400 адад телпак тайёр карда, ба фронт фиристоданд. Дар гузориши Бобоев «Колхозчилар даромади катта»-и рӯзномаи «Пахта учун»-и ноҳияи Ҷиликӯл (имрӯза ноҳияи Дӯстӣ), аз 18 феврали соли 1942, дар бораи муваффақияти истеҳсолии колхозчиёни колхози “Электрик” ва кумаки онҳо ба фронт ба миқдори 1000 кг беда, 30 кг биринҷ, 28 кг жун (пашм), 20 кг гӯшт, 200 сӯм заёми пули нақд, 5 телпак ва ғайра ҳикоят мекунад. Замони ҷанг тақозо дошт, ки корҳои сиёсӣ ҳамеша дар мадди аввал бошад. Рӯзномаи «Пахта учун» 5 майи соли 1942 дар сармақолаи худ нигоштааст, ки дар ҳамаи колхозу совхозҳо, мактабу ташкилотҳои ноҳия 48 адад рӯзномаи деворӣ фаъолият доранд, ки онҳо дар инъикоси вазъи айём, баланд бардоштани рӯҳияи сиёсии мактаббачагону ҷавонон ватанпарварию меҳнатдӯстӣ мавқеи сазоворро ишғол менамояд. Ҳамаи рӯзномаҳои деворӣ дар рӯзи матбуот - 5 май ба намоиш гузошта шуда буданд, ки ин аз болоравии кори сиёсӣ башорат медод.
Нашрияи ноҳиявии «Мубориза барои пахта» (имрӯза “Баҳористон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) низ дар кори сафарбаркунии меҳнаткашон ба мубориза барои мустаҳкам намудани иқтисодиёт ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани оммаи васеи халқ мадад мерасонд. «Мубориза барои пахта» низ ба мисли дигар нашрияҳо барномаҳои таблиғотии худро мувофиқи шароити ҷанг тартиб дода, ҳамаи қувваашро дар роҳи мудофиа ва пирӯзии Ватан ба кор мебурд. Дар ҳар шумора мардумро даъват мекард, ки дар майдони ҷанг бо рӯҳи қавию фидокориҳои барҷаста душманро мағлуб кунанд.
Дар ақибгоҳ бошад, меҳнаткашонро ба корнамоиҳои меҳнатӣ, афзоиш додани тавлиди маҳсулот, бо тиру туфанг таъмин намудани аскарон, ба ҷойи бародарони баҷанграфтаи худ меҳнат кардан даъват менамуд. Дар ҳар як шумораи рӯзнома аз меҳнаткашон даъват мешуд, ки бо мақсади ёрӣ ба фронт ва ғалаба бар ғосибони фашистӣ дар колхозҳо содиқона ва бештар кор кунанд.
Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» монанди дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳар шумора мардумро даъват мекард, ки дар майдони ҷанг бо рӯҳи қавию фидокориҳои барҷаста душманро мағлуб кунанд. Дар ақибгоҳ бошад, меҳнаткашонро ба корнамоиҳои меҳнатӣ, афзоиш додани тавлиди маҳсулот, бо тиру туфанг таъмин намудани аскарон, ба ҷойи бародарони баҷанграфтаи худ меҳнат кардан даъват менамуд. Рӯзнома ҳамчунин меҳнаткашонро даъват мекард, ки бо мақсади ёрдам ба фронт ва ғалаба бар ғосибони фашистӣ дар корхонаҳои саноатӣ, колхозҳо ва МТС-ҳо хизмати содиқона намоянд.
Дар ин давра падидаҳои нави меҳнатӣ, ватандӯстӣ, иродаи шикастнопазир, шуҷоат ва ташаббусҳои пурсамари халқро дар шароити ҷанг ва дар ҷараёни муборизаи шадид дар истеҳсолот зоҳир месохт ва онҳоро дар саҳифаҳои худ ба таври оперативӣ таҷассум мекард. Ҳамаи фаъолияти рӯзнома бевосита ба ҳаёти халқ, корҳои қаҳрамонаи меҳнаткашони вилоят ва муборизаи онҳо дар сохтмони ҳаёти нав вобастааст.
Дар айни идомаи ҶБВ, якуми майи соли 1944 дар вилояти Қӯрғонтеппа газета бо номи «Пахтакори сурх» ташкил дода шуда, он то 10 феврали соли 1947-ум ба нашр мерасид. Дар ин муддати кӯтоҳ 253 шумораи рӯзнома аз чоп баромада буд.
«Пахтакори сурх» дар муддати кӯтоҳи мавҷудияти худ қаҳрамониҳои бемисли фарзандони вилоятамонро дар фронт ва ақибгоҳ ба таври барҷаста инъикос намуда, онҳоро ба ғалабаҳои нав ба нави ҷангиву
меҳнатӣ сафарбар мекард.
Дар он давраи барои мамлакат бисёр душвор, ки мардум ҳам дар ҷабҳаҳои ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ корнамоию ҷонбозиҳо нишон медоданд, нашрия чун органи чопии комитети вилоятии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии вилоятии Қӯрғонтеппа, ҳамчун пропагандист, агитатор ва ташкилотчии коллективӣ нақши муҳим бозида, оммаро ба иҷрои вазифаҳои азими бамиёнгузоштаи ҳизб сафарбар менамуд. Газета дар тӯли солҳои мавҷудияти худ хеле инкишоф ёфт, чун узви муҳиму ҳаёти маънавии одамон, воситаи муътамади ташвиқоту тарғиботи идеяҳои зафаровар гардид.
Қобили зикр аст, ки журналистони соҳибноми тоҷик, ходимони собиқадори нашрияҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» дар солҳои душвори ҷанг ба муқобили душман ҳам бо қалам ва ҳам бо силоҳ меҷангиданд. Ходимони нашрияи вилоятӣ Абдулло Муродов, Аскаралӣ Набиев, Насриддин Мирзоев, Абдурашид Юсуфӣ ва чандин нафари дигар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, марзу буми Иттифоқи Шӯравиро ҳифз намудаанд. Журналист Облоқул Ҳақбердиев бошад, дар яке аз муҳорибаҳо ба муқобили фашистон қаҳрамонона ҳалок гардид.
Ба ҳамин тариқ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди матбуот вазифа меистод, ки мақсадҳои ғоратгаронаи “дунёи империалистӣ”- ро фош карда, моҳияти ҷинояткоронаи онро ба таври фаҳмо ва равшан баён намуда, рӯҳияи қаҳрамонӣ ва устувориро дар вуҷуди аҳли меҳнат ташаккул диҳад.
Бо анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ шумораи нашрияҳо, маҷаллаҳо ва теъдоди нашри онҳо рӯ ба афзоиш ниҳод. Чопи нашрияҳое, ки дар солҳои ҷанг аз фаъолият бозмонда буданд, дубора ба роҳ монда шуд. Дар ин айём формат ва даврияти чопи нашрияҳо дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ низ бештар гардид.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ давраи фаъолияти беназири халқ барои ободӣ ва саодати ҷумҳурӣ оғоз гардид. Лозим буд, ки дар муддати кӯтоҳ хоҷагии халқ барқарор гардад, он нисбат ба давраи пеш аз ҷанг афзояд, қувваҳои истеҳсолкунанда беш аз пеш тараққӣ ёфта, ба дараҷаи такомул бирасанд ва ҳаёти моддию мадании халқ боло равад. Халқи ҷумҳурӣ ин ҳама мушкилотро паси сар карда, дар анҷоми бомуваффақияти нақшаҳои давлат барои панҷсолаи чорум фидокорӣ нишон дод.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»,
номзади илмҳои филологӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00