ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 488
Шоми имрӯз, 21 март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло доир гардид.
Нахуст, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баромад намуда, изҳор дошт, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр, бо рӯҳияи баланди идона таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ, ободониву созандагӣ азизу гиромӣ медорем.
- Фарорасии ҷашни суннатии ниёгонамон – Наврӯзи ҳумоюнқадамро, ки дар замири худ ҷавҳари некӣ, саховат, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонию ҷисмонӣ ва созандагию бунёдкориро дорад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона шодбошу таҳният мегӯям, - афзуд Д. Саид Раиси вилояти Хатлон.
Ҳунармандону овозхонони вилоят ҳамоиши ҳунарии фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
24-02-2022, 13:30