Калонтарин пиряхи Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 169
Федченко – пиряхи калонтарин маҳсуб ёфта, дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи Улум дар Помир ҷойгир шудааст. Ин пирях аз пайванди қаторкӯҳи Академияи Улум бо силсилакӯҳи Язғулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м.) маскан гирифтааст. Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст. Дарозии ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км², ғафсиаш 700—1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км² мерасад. Ҳаҷми умумиаш ба 93,8 км³ баробар буда, дар он қариб 100 км³ об захира шудааст. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад, ки калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти Географӣ буда, дар баландии 2900 то 7480 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00