Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 381
1. Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳимми об гардид.
Дар ин зимн, бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии СММ аз ҷумла соли 2016 Қатъномаро дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 қабул кард.
23.04.2022, шаҳри Душанбе
2. Дар ин зимн мо мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистонро, ки 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, таъкид карда, аз ҷониби Миср барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мо дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос намудем.
Ҳамзамон бо ин, ибтикороти ҷониби Мисрро оид ба пешгирии гармшавии иқлим иқдоми муҳим арзёбӣ карда, ҷонибдории худро аз рӯзномаи Саммити тағйирёбии иқлим, ки соли равон дар Миср баргузор мегардад, изҳор намудем.
10.03.2022, Миср
3. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон– Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.
Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.
21.12.2021, шаҳри Душанбе
4. Кишварҳои мо дар баробари таҳдидҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонанд. Хушксолиҳои пайдарпайи солҳои охир боиси оқибатҳои таъсирбахш дар соҳаи кишоварзӣ гардидаанд. Бинобар обшавии босуръат, ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон қариб ба сеяк андоза кам шудааст. Зуҳуроти селу обхезӣ, ярч ва дигар падидаҳои табиӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонанд, афзоиш ёфтаанд.
Бо дарназардошти ин омилҳо, муҳим медонем, ки дар доираи Созмон ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин зимн коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
28.11.2021, Туркманистон
5. Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад. Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст.
02.11.2021, шаҳри Душанбе
6.Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд.
Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад.
27.10.2021, ш. Душанбе
7. Мо имрӯзҳо дар арафаи ҷаласаи 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим қарор дорем. Бар ин боварем, ки ҷаласаи мазкур барои дастрасӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва суръат бахшидан ба талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми бориз хоҳад дошт.
Яке аз пайомадҳои ҷиддии ин раванд обшавии пиряхҳо мебошад, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст.
Тибқи омори дастрас танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаи охир 11 километри мураббаъ бо талафоти 2 километри мукааби ях коҳиш ёфтааст.
24.09.2021, ш. Душанбе
8. Чи тавре ки маълум аст, обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.
Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд.
Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд. Тибқи ҳисоботи “Баҳодиҳии Ҳимолой дар Ҳиндукуш”, мо аллакай то охири садсолаи ҷорӣ метавонем зиёда аз се ду ҳиссаи пиряхҳои Ҳимолойро аз даст диҳем.
Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст.Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.
3.03.2021, ш. Душанбе
9. Дар ин робита пешниҳод менамоям, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Дар ин қарина ҳамчунин мехоҳам бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намоям.
Итминон дорам, ки иқдомҳои мазкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.
3.03.2021, ш. Душанбе
10. Тибқи мушоҳидаҳо, дар давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфтаанд. Ва ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд. Дар ин замина лозим мешуморем, ки ЮНЕСКО дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
12.11.2019, Фаронса
11. Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ–гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.
Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд.
15.06.2019, шаҳри Душанбе
12. Мушоҳидаҳои бисёрсола гувоҳӣ медиҳанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.
Тибқи ин мушоҳидаҳо, тайи шаст соли охир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
20.06.2018, шаҳри Душанбе
13. Мо бояд омилҳоеро, ки чаҳорчӯб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, дар назар дошта бошем. Якум - тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кӯшишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад.
Дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри XX мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад.
Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд.
22.03.2018, ИМА
14. Таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.
Бинобар ин, зимни пешниҳоди ташаббуси худ оид ба даҳсолаи навбатӣ мо дар назар доштем, ки дар рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 аҳдофи марбут ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои бениҳоят муҳиму фарогирро мегузорад ва татбиқи онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд. Итминон дорем, ки татбиқи ин аҳдофу вазифаҳо танҳо дар сурати вусъат ёфтани ҳамкорӣ ва сафарбар намудани захираҳои зарурӣ – инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ – имконпазир мебошад.
19.09.2017, ИМА
15. Тайи даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд.
Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад. Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.
Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар вазифаҳое, ки ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ворид гардидаанд, ҳамчунин ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шомил карда шуданд.
28.11.2016, Маҷористон
16. Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳимми Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд. Илова бар ин, Ҳукумати кишвари мо Барномаи давлатиро оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 тасдиқ намуд. Имсол якҷо бо шариконамон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир мо ба коре оғоз бахшидем, ки он на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти илмиву амалӣ дорад. Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳаммияти хоса хоҳад дошт.
28.09.2015, ИМА
17. Кӯҳҳои Тоҷикистон на фақат манбаи муҳиммтарини захираҳои об, энергетика ва биологияи мамлакат ва минтақа мебошанд, балки барои бар ҳаёт мондани системаи экологии минтақа ҳам мақоми асосӣ доранд.Обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон ва такроршавии офатҳои табиӣ дар даҳсолаи охир аз он далолат мекунанд, ки минтақаҳои кӯҳсор ҳамаи тағйироти атмосферию иқлимиро бештар ҳис намуда ва аҳолии онҳо ба ҳар тағйироту хатарҳои глобалӣ осебпазиранд.
Дар робита бо ин, Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор ба мушорикату ҳамкорӣ дар масъалаҳои идораи рушди захираҳои кӯҳистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақаҳои кӯҳсори ҷаҳон ҳарчи бештар манфиатдор аст.
21.06.2012, Бразилия
18. Тағйирёбии иқлим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра боз ҳам душвортар мегардонад. Тибқи баъзе пешгӯиҳо то соли 2025 беш аз сеяки аҳолии курраи Замин аз нарасидани об танқисӣ хоҳад кашид ва то соли 2050 аҳолии сайёра имконияти пурра таъмин намудани талаботи худро ба об нахоҳад дошт.
23.09.2010, Ню-Йорк
19. Тағйироти иқлими ҷаҳон пеш аз ҳама ба захираҳои об таъсир мерасонад. Буҳрони об, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва тағйироти глобалии иқлим тезу тунд гардидааст, аз муносибати одилонаю баробарона ва ҳамгироиро дар масъалаи истифодаи захираҳои об барои таъмини иқтисодиёти ҳамаи мамлакатҳо ва муҳити зист тақозо дорад, ки дар ниҳояти кор ба таъмини рушди устувор мусоидат хоҳадкард.
22.09.2010, Ню-Йорк
20. Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба далеле ҷалб намоям, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодашаванда, дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ба андозаи 2-3 дараҷаи Селсия боло рафтани ҳарорати ҳаво тибқи пешгӯиҳо ҷараёни обшавии пиряхҳоро тақвият бахшида, дар натиҷа ба коҳиш ёфтани оби дарёҳо оварда мерасонад. Ин якҷоя бо коҳишёбии боришот ва афзудани истеъмоли об метавонад дар ояндаи миёна ва дарозмуддат дар минтақа вазъияти пуршиддатро ба миён орад.
Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки саҳлангорӣ нисбат ба истифодаи захираҳои табиӣ ба чӣ оварда мерасонад. Бо дарназардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем. Аз ин рӯ, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро дар ин бахши муҳимми стратегӣ муттаҳид намояд, ногузир мешуморем.
16.12.2009, Дания
21. Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфраструктураи нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Вале таъсири он ба захираҳои об аз ҳама бештар аст. Ин масъала хусусан дар Осиёи Марказӣ, ки об дар он на танҳо асоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, балки омили муҳиммтарини таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, пуршиддат гардидааст.
Натиҷаҳои баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки аз соли 1956 то соли 1990 захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз 3 маротиба кам шудааст ва ҳар сол майдон ва ҳаҷми яхҳо ба ҳисоби миёна мутаносибан 0,6-0,8 фоиз ва 0,1 фоиз коҳиш меёбанд.
Мувофиқи ҳисобҳои камтарин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Дар мавриди идома ёфтани тамоюли мавҷуда дар Тоҷикистон шояд ҳазорон пиряхҳо нобуд шаванд.
3.09.2009, Женева
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...