Нома ба модари биҳиштӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 569
Салом, модари ман! Дуруд, гавҳари ман!
Очаҷон, инак, боз баҳор омад, боз тантанаи рӯзи ту. Рӯзе, ки ту онро “Рӯзи ман” мегуфтию ман ин рӯзро ба хотири шодбоши ту бесаброна интизорӣ мекашидам. Рӯзе, ки ту, чун ҳамеша, бароям бағал мекушодию ман дар оғӯши гарми ту худамро хушбахттарин духтари дунё дармеёфтам...
Очаҷон, бо гузашти солҳо шукӯҳи ин рӯз бароям коҳиш ёфт... Зеро дигар аз он бағали муҳаббатомезу роҳатбахшат асаре нест... Гулдастаи ман солҳост дигар тароват надорад.
Очаҷон, масофаи байни ману ту як дунёст. Мо дар дунёи фонӣ, ту дар олами улвӣ...
Хостам дар арафаи Рӯзи модар, бори дигар бароят муҳаббатнома фиристам. Ба дасти фариштае, зеро аниқ эҳсос мекунам, ки макони ҳамаи фариштагон дар он дунё якест. Мутмаинам, ки
Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост...
Очаҷон, агар аз ман хавотирӣ, бидон, ки ман хубам. Худам модарам, модари се фарзанд. Наберагонат рӯз ба рӯз калон мешаванд, ҳар яке хислату хӯйи худро доранд. Ҳамакнун дарк мекунам, ки вақти кӯдакиву наврасии мо – фарзандон чӣ масъулияти душвореро бо фарзонагӣ, таҳаммулу шикебоӣ ба дӯш доштаӣ...
Ба он фариштаи номарасон чеҳраи туро тасвир кардам, то зудтар туро дар фирдавси барин миёни модарон-фариштагони дигар дарёбаду амонатро супорад. Гуфтам, ки очаи ман хеле-хеле ҷавон ин дунёи бебақоро ба қасди уқбои боқӣ тарк кардааст. Ӯ мӯйи кокулбофу қомати баланд, чашмони шаҳлову мижгони дароз, куртаи нақшини гирбишин ба тан дорад. Очаҷон, чун медонам, ки куртаи дӯстдорат кадом буд, ба ҳамин хотир аз он ёдовар шудам. Зеро имрӯз, ки Рӯзи туст, он куртаро ба бар хоҳӣ кард.
Очаҷон, аз садои дилнишину рӯҳнавозат ҳам ба ин фариштаи паёмрасон қисса кардам. Аз ҷисми лоғар доштанат ҳам гуфтам, ки дард туро чӣ қадар ранҷ дода буд. Ба он фаришта гуфтам, ки агар ҷое ҷамъи модаронро гирди як дастурхон дидӣ, аниқ очаи ман онҷост. Зеро очаи ман ҳаргиз дар танҳоӣ хӯрок намехӯрд, агар танҳо мебуд, ҳатман занҳои ҳамсояро даъват мекард. Дастархондор буд, очаи ман...
Очаҷон, назди ин фаришта, ки амонатрасонам аст, он қадар батафсил тасвират кардам, ки аминам, туро меёбад...
Очаҷон, ҳарфи дилам бисёр аст... Хостам аз чӣ гуна домоди болобаланд шудани додарону арӯси нозанин шудани хоҳарам бароят нависам, аз ширинсуханиҳои набераҳои бешуморат, ки онҳоро надида рафтӣ, аз занҳои ҳамсоя, ки то имрӯз ба некӣ ёдат мекунанд. Мутмаинам, ки рӯҳи ту ҳамеша бо мост ва шояд модарона ҳамеша пайгирӣ мекунӣ, ки азизонат дар чӣ вазъу ҳоланд.
Ин ҷо номаамро ба анҷом мерасонам. Очаҷон, туҳфаам низ даруни ҳамин нома аст. Хатми китоби муқаддас. Зеро ту, очаҷон, ба ҷуз ҳамин, ба туҳфаи дигаре эҳтиёҷ надорӣ.
Биҳиштӣ бошӣ, бо тамоми модароне, ки сари як суфра ҳастӣ.
Ҳангомаи Исмат,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00