САТҲУ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ТАЪЛИМГОҲҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 700
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон оғоз гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки ҳамоиши мазкур дар шакли мизи мудаввар дар мавзуи "Баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ" сурат мегирад.
Дар ҷаласа мушовири бахши ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, инчунин аъзои шурои вилоятӣ, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизбҳои сиёсӣ дар вилоят, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои динӣ, марказҳо ва ҷамъиятҳои фарҳангии русзабонон, олмониҳо, узбекзабонҳо ва дигар фаъолон иштирок доранд.
Дар пайи маърӯзаҳои Нуралӣ Саидов, Ҷамшед Ҷӯразода, сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода оид ба мушкилот ва дурнамои рушди маориф дар Хатлон ва тадбирҳои дар самти ҳалли масъалаҳо амалигардида, инчунин гузориши коршиноси мустақил оид ба масъалаҳои маориф, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази фарҳангӣ-омӯзишии "Томирис" Раъно Ҷумъаева шунида шуд.
Иштирокдорони мизи мудаввар ва аъзои шуро Ш. Асомиддинзода, А. Ризозода, Қ. Гулмуродзода, У. Нурзода, Ф. Ҷобирзода ва дигарон доир ба масъалаҳои мухталифи соҳаи маориф, аз ҷумла зарурати баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва дастгирии иҷтимоии онҳо, таълими маърифати оиладорӣ, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон, таъмини шароити муносиби таълим дар мактабҳо, истифодаи усулҳои муосир ва таъсирбахши тадрис ва такмили ихтисоси омузгорон, фаъолияти равоншиносони мактабӣ, фарогирии кӯдакону наврасони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба таълим, солимгардонӣ ва истироҳат, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону наврасон, бо назардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи хонандагон бунёди таълимгоҳҳо ва синфхонаҳои иловагӣ табодули назар карданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00