Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гурӯҳи корӣ аз нуқтаҳои нуқсондоштаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар дидан кард


Гурӯҳи корӣ аз нуқтаҳои нуқсондоштаи роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар дидан кард



Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт бо роҳбарии вазир Азим Иброҳим аз километрҳои 12-13-и роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, ки дар баъзе ҷойҳо нуқсонҳо ба амал омадааст, дидан намуданд, дар ин бора сомонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ба гурӯҳи корӣ роҳбарият ва ҳайати муҳандисони КВД “Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, ҶДММ “Роҳи Абрешим” ва дигар мутасаддиён шомил буданд.


Вазири нақлиёт ба роҳбарият ва муҳандисони КВД “ПЛИН” ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо супориш дод, ки ҳарчи зуддтар сабабҳои пайдоиши нуқсонҳо, яъне кафидагиҳои рупӯши роҳоро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳангоми санҷиш ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки қад - қади роҳи мазкур ҷойи шустушуи мошинҳо ташкил шудааст, ҳамчунин каналҳо то ҷои обпартои роҳ омада, онро пур мекунанд, ки ин боиси нам гирифтан вайрон гардидани роҳҳо мегардад.


Масъулин вазифадор гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар тамоми роҳи навсохта бори дигар санҷиш гузаронда, сабаби пайдоиши нуқсонҳоро аниқ муайян ва камбудиҳоро пурра бартараф созанд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода