Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Арзиши гази моеъ дубора баланд шуд


Арзиши гази моеъ дубора баланд шуд



Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин навъи маводи сӯхт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир 15% боло шуда, якбора ба 3,9-4 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо нархи 3,4-3,5 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Баъзе аз роҳбарони ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт сабаби болоравии нархи газро ба болоравии қурби доллар нисбат доданд. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 20 феврал қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ баланд рафта, як доллар 10 сомонию 61 дирам муқаррар шудааст. Аммо болоравии қурби доллар дар “бозори сиёҳ” то 1120 сомонӣ мушоҳида шудааст.


Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт аст ва ба ҳамин далел бештари худравҳо тавассути он ҳаракат мекунанд. Ҳамакнун тағйирот танҳо дар фурӯши газ мушоҳида шуда, арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба мисли рӯзҳои қаблӣ бетағйир аст. Зимнан, арзиши бензини АИ 92 – 7,8 сомонӣ, АИ 95 – 8,2 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11,6 ва гази моеъ 4 сомонӣ аст.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!


Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода