МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 463
Имрӯз, 20 феврал, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли баргузор гардид.
Тавре ба РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти самтҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ба роҳ мондааст.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид зимни мулоқот қайд кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ тӯли 30 соли фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 110 лоиҳаро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба маблағи умумии беш аз 2,3 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ кардааст. Ин маблағҳо дар шакли грант, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок ҷудо гардида, қисми зиёди он ба вилояти Хатлон равона гардидааст.
Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ мавриди амал қарор гирифтааст, ки маблағи азхудшудаи он 260 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли дар навбати худ оид ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои судманд дар самти кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, роҳу нақлиёт ва амсоли он қайд намуд, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ барои лоиҳаҳои давлатие, ки ба беҳсозии шароити иҷтимоию маишии сокинони вилояти Хатлон нигаронида шудааст, ихтисоси маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидааст.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар вилоят бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин набудани қисмате аз сокинон мебошад. Дар ин самт бо маблағи 59 миллион доллар лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ ва Ҷайҳун корҳо бо маром идома доранд.
Дар фарҷом Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ки роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ва рушду тараққӣ додани соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон омодаи бароҳандозии ҳамкориҳои муфид аст.
Ҷонибҳо бо итминони комил қайд намуданд, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон мусоидат хоҳад кард.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...