Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД: “РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ФАЪОЛИЯТИ МОСТ”


ДАВЛАТАЛӢ САИД: “РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ФАЪОЛИЯТИ МОСТ”



Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Душанбе бо Изабел Коулман, муовини мудири USAID оид ба масоили сиёсат ва барномасозӣ, мулоқот анҷом дод. 

Давлаталӣ Саид меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба дастгирии барномаи USAID ва ҳамкориҳои минбаъда, амалӣ намудани ҳадафҳо, парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, воридоти дарахтони мевадиҳанда, истифодаи таҷрибаи кишоварзони Амрико, татбиқи дастовардҳои соҳаи илм дар амалия ибрози назар намуд.


Хонум Изабел Коулман ҳавасмандии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд баён намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки равобит, аз ҷумла рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа сухан гуфт. 


“Деҳқонони вилояти Хатлон меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Онҳо соҳибкории худро дар соҳаҳои гуногун ривоҷ дода истодаанд. Диққати маро дар вилояти Хатлон бештар парвариши намудҳои мухталифи қулфинай ҷалб намуд, ки баъзе намуди он то дувоздаҳ рӯз нигоҳ дошта мешаванд ва бо ин маҳсулот бозорҳои дохилиро таъмин намуда истодаанд”, - афзуд И. Коулман.


Намояндаи USAID аз саъю талоши кишоварзон ҷиҳати бакорандозии заминҳои бекорхобида, истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини киштбоб ва заминҳои боғу токзор ситоиш намуда, барои ҳамдастӣ дар рафъи мушкилоти ҷойдошта дар ин самт изҳори омодагӣ кард. 

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулотҳои кишоварзӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки яке аз мушкилоти ҳалталаб ҳолати мелиоративии заминҳо, тоза намудани каналҳо ва дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ дар соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои мушаххас меандешад. 


- Беш аз 70 дарсади аҳолии вилояти Хатлон дар деҳотҷой зиндагӣ мекунад, - идома дод Давлаталӣ Саид. – Биноан, мо ба рушди истеҳсолот, бунёди гармхонаҳои мавсимиву доимӣ, сардхонаҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулоти озуқа, рушди соҳибкории кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шароити деҳот таваҷҷуҳи махсус медиҳем. 


Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои дигари мавриди назар ҳам табодули афкор намуда, изҳори итминон карданд, ки вохӯрии мазкур ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) такони тозае хоҳад бахшид.



http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода