Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо намояндагони БАТР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 438
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир гашт.
Дар вохӯрӣ намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои пазироии самимӣ ба масъулини вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ карда, афзуданд, ки дар ояндаи наздик ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба иқтисодиёти вилоят ва соҳибкорон, хоҷагидорону боғпарварон қадамҳои боз ҳам устувортар гузошта хоҳад шуд.
Яке аз самтҳое, ки метавонанд ба рушди иқтисодиёт дар вилоят заминаи мусоид гузорад, рушди соҳаи кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, боғҳои интенсивӣ мебошад, ки дар ин ҷода соҳибкорону хоҷагидорон метавонанд бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро ба роҳ монда, маҳсулоти парваридаи худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш созанд.
Ба андешаи намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, дар вилояти Хатлон заминаҳои мусоид вуҷуд дорад, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намояд. Соҳибкорону кишоварзони вилоят метавонанд бо роҳандозии як қатор чораандешиҳо маҳсулоти сифатан беҳтарро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешкаш созанд.
Зимни мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Бахтиёр Файзиев изҳори итминон карданд, ки бо фаъол намудани бахши хусусӣ шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкориҳои судманд миёни намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва соҳикорону кишоварзон метавон ба муваффақиятҳои беназир ноил гашт.
Ҳамчунин, тарафҳо аз муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони молиявии бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00