Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 98 сайёҳи хориҷӣ аз ноҳияи Ёвон дидан карданд


98 сайёҳи хориҷӣ аз ноҳияи Ёвон дидан карданд



- Дар соли 2022 дар ноҳияи Ёвон 7986 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2021-ум 846 нафар зиёд мебошад, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ зимни нишасти хабарӣ. - Дар ин давра дар норҳия 14 ҳолати таваллуди хонагӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 9 ҳолат кам мебошад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки 3 мошини ёрии таъҷилӣ, таҷҳизоти кювезҳо, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ барои кӯдакон, асбобҳои ҷарроҳӣ, кардиоманитор ва пулсоксиметр ба беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дастрас карда шудааст.


- Дар соли 2002 аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия 460 нафар боздид намудаанд. Аз ин шумора 98 нафар саёҳи хориҷӣ мебошад, - афзуд Б. Шарифӣ.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода