Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия дидан кард


Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия дидан кард



Дар доираи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дидан намуд.

Ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки таъмири асосӣ ва азнавсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи беморхона аз тарафи ҶДММ «Манорасохтмон» идома дошта, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 40 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуда, аллакай 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. 


Тибқи иттилои манбаъ, маблағи умумии сохтмони лоиҳа 3 миллиону 167 ҳазору 118 евро буда, ба ҳолати имрӯза 2 миллиону 853 ҳазору 956 евро аз худ карда шудааст. Ҳудуди беморхона 3,53 гектарро ташкил намуда, биноҳои асосӣ ва ёрирасон дар 1,61 гектар ҷойгир мебошанд. 


Беморхонаи марказии ноҳия дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дил, бемориҳои даруна, таваллудӣ, кӯдакона, сироятӣ, эҳёгарӣ, ҳуҷраҳои ёрирасони таҳлилгоҳ, қабулгоҳ, ёрии таъҷилӣ, рентген, хунгузаронӣ, физиотерапӣ мебошад. 


Инчунин, беморхона дорои 173 кати хоб буда, 286 нафар кормандон, аз ҷумла 26 нафар духтурон, 165 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 50 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 45 нафар дигар кормандон кору фаъолият мекунанд.

 

Дар натиҷаи пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани беморхона, таҷҳизотҳои муосири тиббӣ насб карда, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад. 

  

Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед!

Агар мехоҳед, ки ҳамарӯза ба ахбори тозатарини вилояти Хатлон, мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои мусаввар иборат аз видео ва инфографика шинос шавед. Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube,   FacebookInstagramOKTelegram ва сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj пайгир бошед.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода