Сафар кории иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят ба ноҳияи Восеъ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 513
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф овард, - хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон.
Нахуст, дар деҳаи Ҳулбеки Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ обанбори "Чилла" мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”, ки бо сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.
Зимни боздид ба Давлаталӣ Саид иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани ҳолати кунунии соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот нигаронида шуда, татбиқи он дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон - дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун низ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Восеъ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 24 шартномаи пудратӣ баста шудааст. Дар асоси қарордодҳои баимзорасида дар панҷ нақшаи обтаъминкунӣ - Тосқала (7 деҳа, 1901 хоҷагӣ ва 19852 аҳолӣ), Чилла (14 деҳа, 4799 хоҷагӣ ва 43973 аҳолӣ), Ҷавонӣ (3 деҳа, 1070 хоҷагӣ ва 10707 аҳолӣ), Гултеппа (11 деҳа, 2537 хоҷагӣ ва 21176 аҳолӣ) ва Пушёни миёна (5 деҳа, 963 хоҷагӣ ва 7614 аҳолӣ) корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Восеъ 40 деҳа бо оби ошомидании тоза таъмин мегардад.
Ҳамчунин, дар доираи сафарии корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Меҳробод, ки дарёи Ёхсу ва Қизилсӯ якҷоя мешаванд, дидан намуданд.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00