ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздиди намояндагони Қазоқистон аз Кӯшониён


Боздиди намояндагони Қазоқистон аз Кӯшониён



Дирӯз, 9 феврал, роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагони ҳокимияти давлатии вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ширкатҳои қазоқӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз имкониятҳои истеҳсолӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, гармхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда дидан намуданд.

Меҳмонон ба фаъолияти хоҷагидорон ва дигар имкониятҳои истеҳсолию содиротии ноҳияи Кӯшониён таваҷҷуҳ зоҳир карда, оид ба дурнамои ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Намояндагони ҷониби Қазоқистон ҳангоми суҳбат омодагии худро вобаста ба харидории маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маблағгузорӣ ва бастани шартномаҳои дуҷониба баён намуданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода