Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сардхонаҳои вилоят талаботи аҳолиро тамин намесозанд


Сардхонаҳои вилоят талаботи аҳолиро тамин намесозанд



- Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 66 сардхона бо иқтидори 24 ҳазор тонна ва 61 анборхона бо иқтидори ғунҷоиши зиёда аз 15 ҳазор тонна мавҷуд аст, - гуфт зимни нашсти матбуотӣ сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон Фирӯз Юсуфзода. - Дар анбору сардхонаҳо то ин ҷониб 2390 тонна маҳсулот, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз ва мевагӣ захира гардидааст, ки талаботи мавҷудаи аҳолии вилоятро  таъмин намесозад.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар моҳи декабри соли 2022 мониторинг гузаронида шуд ва натиҷаи он нишон дод, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят захираи кофии маҳсулоти ниёзи аввалияи аҳолӣ, аз қабли орд, шакар, равғани растанӣ, гӯшт, макарон, картошка, сабзӣ, пиёз, мевагӣ, ғалладонагӣ ва ғайра мавҷуд буда, камчинии маҳсулот ба мушоҳида намерасаад.

Дар идома Фирӯз Юсуфзода гуфт, ки дар бозорҳои истеъмолии вилоят нархи миёнаи фурӯши яклухт ва чаканаи як халта орд (50 кг, навъи якум) вобаста ба номгӯй аз 270 то 290 сомонӣ, орди навъи дуюм 260 сомнӣ, 1 килограмм гӯшти гов аз 58 то 65 сомонӣ, гӯшти гусфанд аз 26 то 70 сомонӣ, картошка аз 3,5 то 4,52 сомонӣ, сабзӣ аз 1,7 то 2,5 сомонӣ, бехпиёз аз 5 то 5,5 сомонӣ, равғани пахтаи маҳаллӣ аз 18 то 20 сомонӣ, равғани офтобпараст аз 20 то 23 сомонӣ, як кило шакар аз 10 то 11 сомониро ташкил дода, тамоюли пастшавии нархи орд ва болоравии нархи пиёз мушоҳида гардид.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода