Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 030
Тарбияи маърифати ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Вазифаи падару модарон, мураббияҳо ва омӯзгорон дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин буда, ҷавҳари асосии онро дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ташкил медиҳад.
Таълим ва тарбияи маърифати ҳарбӣ - ватандӯстӣ дар низоми таълиму тарбия ҳар як шаҳрванди ҷавонро бо сифатҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва психологӣ мусаллаҳ намуда, дар ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта нақши муҳим дорад.
Наврасону ҷавононро барои ҳифзу ҳимояи давлату Ватан омода намуда, дар руҳияи мардонагӣ, ҷавонмардӣ, футувват, устувории ахлоқ, обутоби ҷисмонӣ тарбия менамояд. Ҳисси маданият ва маърифати ҳарбӣ –ватандӯстиашонро нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан –Модар рӯз аз рӯз афзун мегардонад.
Ҳар шахси оқил ҷои таваллуд, хонадон, деҳа, шаҳр ва ҷойи ба воя расидаи худро бо ифтихор ба забон мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар». Гузаштагонамон дар гузаштаи дур хоки Ватанро ба ҳар куҷое раванд, як мушт бо худ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд, ба боигариҳо, яъне ба зару зевар иваз намекарданд.
Маънии калимаи «Ватан» дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад. Аз ҷумла, устоди ширинбаён А.Сафар дар васфи Ватан чунин фармудаанд:
Хоки Ватанам сурмаи чашмони ман аст,
Рӯйи Ватанам оинаи рахшони ман аст.
Нури Ватанам офтоби тобони ман аст,
Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст.
Мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ин ҷост, ки ибораи «Ватан-модар» маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар айёми кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад.
Дар ҷавонон тарбияи дурусти ҳарбӣ – ватандӯстӣ, хештаншиносӣ аз заҳмати омӯзгор низ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия ва ба воя расонидани наврасону ҷавонон, бешак, ба дониш, малака ва маҳорати касбии омӯзгор вобастагӣ дорад.
Ҳар як навраси муассисаи таълимӣ соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк ва эҳтиром намояд ва донад, ки вазифаи ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст ва қарзи фарзандии ӯ дар назди Ватан-модар чӣ гуна аст? Ҷавоби муносиб ба ин саволҳо, ин мисараъҳои боқимондаи шеъри шоири ширинкалом Ашӯр Сафар мебошад.Чуноне ки ӯ фармудааст:
Манро Ватанам тарбия бисёр намуд,
Фарзанди ба худ неку вафодор намуд.
Дарвозаи иқбол ба рӯям бикушод,
Пас, хизмати ӯ хитоби виҷдони ман аст.
Ватандӯстию ватанпарварӣ аз сулҳу субот ва таъмини амният оғоз мегардад. Сулҳ мафҳумест, ки, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, Истиқлол ва нишони ободию зиндагии ороми ҳар як халқу миллат мебошад. Сулҳ таҷассумгари шодию нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳию ватандӯстӣ мебошад.
Маҷмӯи чорабиниҳо ва тадбирҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва дигар таълимгоҳҳо гузаронида мешаванд, дар робита ба ташаккули маданият ва маърифати ҳарбӣ – ватандӯстӣ бахшида шуда, мақсади он дар ҷавонону наврасон талқин кардани неру ва эътиқод дар робита ба дарку фаҳми Давлату Ватан мебошад.
Ҷавонони шуҷои ватанро зарур аст, ки шукри амният, осоиштагӣ, озодӣ, Истиқлолу ободӣ ва оромии давлату миллати куҳанбунёди хешро карда, аз гаравиш ба гурӯҳҳои тундрав, ки ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани амнияти кишвар мебошад, худдорӣ намоянд.
Хушвахт Бозоров,
дотсенти кафедраи таҳсилоти
ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба
номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00