Тахти Сангин, таърихи омӯзиш ва алоқамандии Хазинаи Амударё ба он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 921
Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ворид гардидан ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз рӯи номинатсияи роҳи бузурги Абрешим пешниҳод гардидааст ва дар долони Амударё ҷой гирифтааст. Чӣ гунае, ки ба ҳамагон маълум аст, ёдгории Тахти Сангин дар соҳили рости Амударё дар мавзеи якҷошавии рӯдҳои Вахш бо Панҷ воқеъ гардидааст.
Таҳқиқоти бостоншиносону олимон нишон доданд, ки ин ёдгори асосан марбут ба замони элинизм буда, аз охири асрҳои IV то мелод то асрҳои IV мелодӣ арзи ҳастӣ намудааст. Мавқеи асосиро дар ин ёдгорӣ маъбади Окс ишғол намудааст. Ин маъбад ба хотири Худои Охшо (Худои об) сохта шуда буд. Масоҳати умумии ёдгорӣ зиёда аз 75 га буда, аз ду қисмати асосӣ: арк ва шаҳристон иборат мебошад.
Тахти Сангин диққати атиқадӯстдорон ва олимону бостоншиносони ҷаҳониро ҳанӯз дар охири асри XIX ба худ ҷалб намуда буд. Яке аз омилҳои асосиии таваҷҷуҳи олимону бостоншиносони ҷаҳонӣ ба Тахти Сангин ва мавриди омӯзиш қарор додани он, ин бозёфти Хазинаи Амударё буд.
Хазинаи Амударё маҷмуи ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагине мебошанд, ки аз санъати заргарии мардуми Бохтар дар асрҳои IV- II то мелод дарак медиҳад ва дар онҳо фарҳанги аҷдодони тоҷик инъикос ёфтааст. Ин хазинаро соли 1877 тоҷирони бухороӣ аз сокинони Қубодиён харидорӣ намуда, барои фурӯш ба Ҳиндустон мебаранд. Дар ин ҷо Канингем бо ашёҳои хазина дучор омада, онҳоро харидорӣ ва ҷамъоварӣ менамояд. Сипас, ашёҳои ҷамънамудаашро ба Осорхонаи Британияи Кабир эҳдо менамояд ва айни ҳол зиёда аз 170 адад ашёҳои тиллоии Хазинаи Амударё дар ин осорхона нигаҳдорӣ мешаванд.
Аввалин мақоларо низ, дар бораи Хазинаи Амударё маҳз Канингем дар соли 1879 менависад.
Дар мақолаи худ Канингем аз забони тоҷири бухороӣ Ваизуддин менависад, ки онҳо хазинаро аз вайронаҳои қалъаи қадима, ки дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Панҷу Вахш ҷойгир аст ва бо номи Кандиан ёд мешавад, дарёфт намудаанд. Аз Кобул то ин ҷо дурӯза роҳ аст. Баъди ин олимону бостоншиносон дар ҷустуҷӯи вайронаҳои ин қалъаи қадима мешаванд. Дар натиҷа, баъзе олимон ба хулосае меоянд, ки хазина аз Тахти Қубод дарёфт гардидааст. Аммо ёдгории Тахти Қубод аз мавзеи якҷошавии дарёҳои Панҷу Вахш ва Тахти Сангин тахминан 5-6 км поинтар воқеъ гардидааст. Аз ин рӯ қисмати дигари бостоншиносон ба хулоса омаданд, ки хазина аз Тахти Сангин ёфт шудааст. Баъд аз он ки маъбади Окс дар Тахти Сангин кашф гардид, олимон ба хулосае омаданд, ки Хазинаи Амударё аз ҳамин маъбад пайдо шудааст ва ашёҳои таркиби хазинаро мардум дар қадим ҳамчун туҳфа ба худои дарёи Аму (Окс) овардаанд. Аз ин хотир, номи онро Хазинаи Амударё гузоштаанд.
Бояд гуфт, ки маҳз дар натиҷаи омӯзишҳои бостоншиносӣ ёдгории Тахти Сангин номгузорӣ мешавад, ки номи он рамзӣ аст. Ин ном дар айравӣ бо ёдгории Тахти Қубод ва Тахти Ҷамшед гузошта шудааст. Ҳангоми ковишҳо бостоншиносон деворҳои санги ва зерсутуну сарсутунҳои аз санг бо як маҳорати хоса коркардшуда дарёфт мекунанд ва ба ҳамин хотир ба ёдгорӣ номи «сангин»-ро низ, илова ме
кунанд. Вале то ин дам ёдгорӣ якчанд маротиба номи худро иваз намудааст. Масалан, дар харитае, ки соли 1885 барои нишон додани ҷойи Хазинаи Амударё тартиб дода шуда буд, ин ёдгорӣ бо номи Утерқалъа зикр мешавад. Лагафет онро Мела ном мебарад, ки яке аз гузаргоҳҳои асосии Амударё барои тоҷирон ба ҳисоб мерафт.
Дар соли 1950 ҳангоме, ки профессор Дяконов ин ёдгориро аз назар мегузаронад, онро “Шаҳри сангин” ном мениҳод. Ҳамзамон қайд мекунад, ки он тарҳи росткунҷа дорад ва шояд ҳамон қалъае аст, ки қаблан Утер қалъа ва Мела ҳисобида мешуд. Ӯ менависад, ки шояд Тахти Қубод ба хотири муҳофизати ҳамин гузаргоҳ бино шуда буд ва дар қадим ин ёдгориҳо як комплекси ягонаро ташкил мекарданд.
Билохира, аз солҳои 1979-1980 ёдгори номи Тахти Сангинро ба худ касб мекунад.
Баъзе ақидаҳо вуҷуд доранд, ки гӯё Тахти Сангинро Искандари Мақдунӣ бино намудааст ва онро Александрия дар Окс ном ниҳодааст. Чунин назария пешниҳод кардани онҳо низ бесабаб нест. Зеро Клавдиус Птолемей, таърихнависи асри II то мелод, аз бунёди шаҳрҳои Александрияи Эсхата ва Александрия дар Окс аз ҷониби Искандари Мақдунӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ёдоварӣ намудааст.
Дар “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ ишораҳое ба сохтани шаҳрҳо дар Бохтар аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ҳастанд. Масалан, ӯ чунин менигорад: “Искандар бар мамолики Доро чира шуд ва қасди Ҳинду Чин намуд ва бо умматҳои зери даст ба ҷанг пардохт. Ва бар ҳар ноҳия, ки мегузашт, ғолиб мешуд, то ин ки ба Хуросон баргашт ва он ҷоро ҳам фатҳ кард. Ва шаҳрҳое дар Хуросон бино карда, ба сӯи Ироқ муроҷиат намуд ва дар Шаҳразӯр ранҷур шуд ва ҳамон ҷо бимурд».
Аммо дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки маъбади Тахти Сангин қабл аз омадани Искандари Мақдунӣ обод будааст. Ҳамзамон дар соҳили чапи Амударё шаҳри дигари элинӣ бо номи Ой-Хонум, ки ҳамсони Тахти Сангин аст, кашф гардидааст.
Кампирқалъа дар ҷануби Узбекистон низ ба ин ду ёдгорӣ шабоҳати зиёд дорад. Аз ин хотир, то ҳол ба таври дақиқ муайян нагардидааст, ки Александрия дар Окс кадом шаҳр мебошад.
Гарчанде таваҷҷуҳи олимон аз асри XIX ба ин мавзеъ равона шуда бошад ҳам, вале ковишҳои касбии бостоншиносӣ дар Тахти Сангин аз соли 1976 бо сарварии донишманд Литвинский ва Пичикян оғоз гардидаанд. То ин дам дар Тахти Сангин олимони дигар низ якчанд озмоиш гузаронидаанд. Аз ҷумла, Маев, Лагафет, Денике, Дяконов, Манделштам ва дигарон дар бораи Тахти Сангин ва мавқеи он баъзе маълумотҳоро додаанд.
Масалан, Манделштам дар соли 1956 як шурф дар ёдгории Тахти Сангин на чандон дуртар аз деворҳои маъбади Окс мезанад ва ин шурфро то чуқурии 2,5 м давом медиҳад. Дар ин умқ ӯ фақат осори кӯшониро пайдо мекунад. Ҳангоме ки Литвинский дар соли 1983 дар ин ҷо шурф мезанад, маълум мекунад, ки агар Манделштам, каме онтарафтар шурфашро идома медод, ҳатман деворҳои маъбадро пайдо мекард ва то материк ҳафриётро идома медод. Кашфи маъбад бошад, баъди ковишҳои мунтазам ба Литвинский муяссар мешавад.
Дар натиҷаи ҳамин ковишҳои бостоншиносӣ шумораи зиёди бозёфтҳо ба даст омаданд, ки онҳо дар худ фарҳанги аҷдодони тоҷикро дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар ва Кӯшониён инъикос намудаанд. Бозёфтҳо аз рушди ҳунарҳои мухталиф, аз қабили сангтарошӣ, заргарӣ, коркарди устухони фил, кулолгарӣ, оҳангарӣ ва ғайра дар Тахти Сангин шаҳодат медиҳанд. Айни ҳол бозёфтҳои Тахти Сангин дар Осорхонаи милии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии АМИТ ва дигар осорхонаҳои вилояти Хатлон нигаҳдорӣ мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намои қадимаи маъбади Окс сохта шудааст ва нусхаҳои ашёҳои таркиби Хазинаи Амударё дар он нишон дода шудааст.
Савриддин Саидзода,
сармутахассиси шуъбаи
таърихи бостон ва асрҳои
миёнаи Осорхонаи миллӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00