Таронаи масири Истиқлолият
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 480
Роҳҳо моро бо ҳам мепайванданд, масофаҳои дурро наздик мекунанд. Онҳо моро аз деҳае ба деҳае, аз шаҳре ба ноҳияе ё вилояте, аз кишваре ба давлати дигаре мебаранд. Роҳҳо чун рагҳои шараёнии замин ба ҳар сӯ- дашту теппа, қад-қад кӯлу дарёҳо, ағбаву дараҳои кӯҳӣ паҳн шуда, мошинҳои мусофирбару боркаш, бо рангу тамғаҳои гуногун беист дар ҳаракатанд.
Роҳҳо ҳоҷати мардумро мебароранд. Яке ба меҳмонӣ, дигаре ба аёдати бемор, сеюмӣ ба тӯю ё таслият мешитобад. Маҳз бо воситаи роҳҳо мо ба дари мақсуди хеш мерасем. Набзи зиндагии мо дар роҳҳо муайян мешавад. Агар роҳ ҳамвору хуб бошад, табъи мусофир хуш мешавад. Роҳҳои вайрону нообод барои ронанда дилгир буда, завқи сафарро пир мекунад. Бисёр шудааст, ки ронанда ба ивази ҳатто маблағи калон ҳам аз бурдани мусофирон ба ҷое рӯй тофтааст, чунки роҳи бад ҳам мошинро аз кор мебарораду ҳам асабонияту норизойи мусофирон боиси хиҷолату пушаймонӣ мегардад.
Имсол борҳо бо шоҳроҳи Бохтар-Душанбе ба сафар баромадем. Аз маркази вилояти Хатлон то пойтахти ватанамон 100 километр роҳ аст. Дар даврони шӯравӣ тавассути автобус ё мошини сабукрав дар 1,5-2 соат ба Душанбе мерасидем.
Роҳи дусамта аз равуои зиёди мошинҳо банд буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми водии Вахш бо ҳамин роҳ ба ҷойи амнтар маркази ҷумҳурӣ мерафтанд. Аз водии ҷангзада занону кӯдакон бо бору бухча зери офтоби сӯзони тирамоҳи 1992 пиёда ин масофаро тай кардаанд. Азоби ҳар як ваҷаби роҳ дар хотирҳо монд. Субҳидам ба роҳ баромада, бегоҳӣ ба шаҳр мерасиданд. Аз Бохтар, Кӯшониён, Хуросон, Ваҳдат қадам ба қадам гузаштан, ҷон ба саломат бурдан барои паси сар кардани роҳи дароз неру мебахшид. Захми пойҳои обилакарда баъди ҳафтаҳо сиҳат мешуд.
Гоҳ-гоҳ мошинҳои сабукраву тракторҳо аз он сӯйи кӯпруки дарёи Вахш, деҳаи Қизилқалъа барои бурдани гурезагон меомаданд. Ронандагон ба тарафи Бохтар намегузаштанд. Овозаи даҳшати ҷанги наҳзатиён ҳамаро тарсон карда буд. Садҳо мардон дар ин роҳ беному нишон, қатл гардиданд. Дар канори роҳ қабрҳои на танҳо шаҳидони садамаҳои нақлиётӣ, балки шаҳидони ҷанги бародаркуш ҳам пайдо шуданд.
Имрӯз азми сафари Душанбе ё Бохтар кунем, тасмим мегирем, ки барои ин як соат лозим аст. Роҳҳои чорсамтаи мумфарш. Аз байни шоҳроҳ қатори арчаҳои сабзи сунъӣ ба назар чун ниҳолҳои табиӣ менамоянд. Хатҳои сафеди роҳ, аломату чароғакҳои роҳнамо, истгоҳҳои нави замонавӣ, чароғон шудани канори роҳ маҳсули таъмиру тармими чандсолаи роҳсозон мебошад. Ин шоҳроҳи муҳими байни вилояти Хатлон ва пойтахти кишварамон бо ҳамкории Тоҷикистону Чин намои дигар гирифтааст. Шоҳроҳ ба меъёрҳои байналмилалии роҳҳо мувофиқ карда шудааст. Тавассути ин шоҳроҳ на танҳо мошинҳои боркаши худамон, балки давлатҳои ҳамсоя Узбекистону Афғонистон ҳам мегузаранд.
Роҳҳо муаррифгари рушди давлатанд. Онҳо ба пайванди дӯстиву ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сайёҳиву фарҳангӣ таъсири муассир доранд.
Ҳоло канорҳои шоҳроҳ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ба ғайр аз саҳрову боғҳои нав, қитъаҳои полизии деҳқонон, ки сабзу кабуду зард метобанд, деҳаҳои нав бунёд шудаанд. Қатори хонаҳои дуқабатаи замонавӣ бо мағозаву бозорҳои нав, ошхонаву тарабхона, меҳмонхона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири мошинҳо аз рушди деҳот дарак медиҳад. Ба номҳои тоҷикӣ иваз шудани номи деҳаву маҳаллаҳо чун Гулрезу Ҳақиқат, Истиқлолу Ҳилолӣ, Айниву Ҷомӣ, Чорбоғ аз ҳувияти миллӣ нишона аст. Дар биноҳои маъмуриву мактабу корхонаҳо парафшон будани Парчами Тоҷикистон ифтихор аз истиқлоли мост.
Имрӯз ҳам роҳсозон дар қитъаи хурди шоҳроҳ корҳои сохтмонии гузаргоҳу қубурҳои обгузарро идома дода истодаанд. Таассуроти манзараҳои роҳи яксоата аз ободиву бунёдкории имрӯзаи Тоҷикистон пуропур аст. Мошинҳои пурбори меваву сабзавоти водии Вахш ба Душанбе равонанду аз самти дигар матоъву либос, масолеҳи сохтмонӣ ба сӯйи вилояти Хатлон. Ин равуои мошинҳо пайваста идома дорад, чунки роҳи Истиқлолият барои хушрӯзии мардум хизмат мекунад.
Д. Маҳкамова , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...