Мукофоти давлатӣ ба беҳтаринҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 709
Ҳамасола дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаҳои гуногун барои меҳнати фидокорона ба мукофоти давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Имсол низ дар остонаи ҷашни миллӣ бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ ба 8 нафар кормандони соҳаҳои гуногун, ки сазовори чунин қадрдонӣ гаштаанд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.
Сарвазири мамлакат баъд аз супоридани мукофотҳои давлатӣ онҳоро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфт.
Дар маросими мукофотсупорӣ раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар мардуми сарбаланди Ватан дар соҳаву бахшҳои худ софдилона меҳнат карда, барои анҷом додани иқдомҳои созанда ташаббусҳои ватандӯстона гузошта истодаанд. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат меҳнати софдилонаю хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро қадрдонӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд, ки баҳри зиндагии шоиста, ва ободии Ватани хеш ташаббускор бошем.
Ёдовар мешавем, ки дар байни мукофотгирандагон рӯзноманигори муваффақу шинохта, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода низ буданд ва бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуданд. Носирҷон Маъмурзода журналисти ҷӯяндаву ташаббускор аст. Ӯ дар рушди соҳаи журналистикаи ҷумҳурӣ саҳми бориз дорад.
Маҳз дар давраи сармуҳарририи худ дар рӯзномаи “Хатлон” навгониҳои зиёдеро ворид намуд. Акнун хонандаи нашрия матавонад матлабҳои онро дар шаклҳои электронӣ, дар сомонаҳои рӯзнома ба шакли видеоӣ низ дастрас намояд.
Ҳамчунин, бо иқдоми Носирҷон Маъмурзода сифати чопи рӯзнома ва муҳтавои маводҳо беҳтар гардид. Таҷлили 90-солагии рӯзнома, таъсиси осорхона ва китобхона дар рӯзнома низ аз ҷумлаи навигарӣ ва ташаббусҳои ӯ мебошад. Рӯзномаро низ ба мактаби рӯзноманигорони ҷавон табдил дода, онҳоро ба кори эҷодӣ роҳнамун сохт. Имрӯз дастпарварони устод, ки аз ин мактаб гузаштаанд, дар соҳаи матуботи даврӣ бо муваффақият фаъолияти касбӣ менамоянд.
P.S. Мо – аҳли қалами рӯзнома устод Носирҷон Маъмурзодаро ба муносибати гирифтани мукофоти давлатӣ – медали Хизмати шоиста гарму ҷӯшон муборакбод менамоем. Кормандони эҷодии рӯзномаи “Хатлон” бо роҳбарии Носирҷон Маъмурзода дар оянда низ қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба ва маҳорати хешро барои ободии кишвару инъикоси сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, некӯаҳволии мардум ва ободии Тоҷикистон талош меварзанд.
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...